Вилояти Хатлон беш аз 40 тонна маҳсулоти кишоварзиро ба сокинони шаҳри Душанбе пешниҳод намуд

Декабрь 16, 2023 17:03

ДУШАНБЕ, 16.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Боғи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон бо нархи дастрас баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар намоиш-фурӯш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки зиёда аз 40 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзии вилояти Хатлон барои сокинони шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта шуд.

Дар назар аст, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 17 декабр низ идома ёбад.


АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Декабрь 16, 2023 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад