Вобаста ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Пиряхҳои Тоҷикистон ва масъалаҳои ҳифзи онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим»-таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Конференсия бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 доир шуда, дар он ректори донишгоҳ дар мавриди аҳамияти ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим сухан гуфт.
Иброз гардид, ки сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори соҳаи маорифи мамлакат, аз ҷумла муаммоҳои соҳаи геология ва ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим шароити мусоид фароҳам овард.
Баргузории конференсия қадамҳои муҳаққиқони соҳаҳои гуногунро баҳри татбиқи ғояҳои ҷаҳонии Пешвои миллат боз ҳам устувор гардонида, дар ин замина барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак мерасонад ва ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва рӯи кор омадани асарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар мавзуъҳои «Таҳлил ва баҳодиҳии геоэкологии вазъи имрӯза ва дурнамои наздики Баҳри Арал», «Саҳми Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар иҷрои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо», «Баҳодиҳии геоэкологии мушкилоти ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим» ва «Табиати пиряхҳои Тоҷикистон ва дурнамои локаликунонии раванди коҳишёбии онҳо» аз ҷониби директори Маркази омӯзиши пиряхҳо, директори Маркази обу ҳавошиносии вилояти Суғд ва олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Инчунин дар бахшҳои дигари конференсия таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об», «Таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ» ва «Оқибатҳои экологӣ-иқтисодии таъсири антропогенӣ, техногенӣ ва табиӣ» маърузаҳо шунида шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд






