Мушоҳидаи аэровизуалӣ ва георадарии ҳолати пиряхҳо ва кӯлҳои кӯҳии Тоҷикистон гузаронида шуд

Сентябрь 27, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Федератсияи Русия  усули нави мониторинги пиряхҳоро бо истифодаи таҷҳизоти георадарӣ дар якҷоягӣ бо таҳқиқоти аэровизуалӣ гузарониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва георадарии ҳолати пиряхҳо ва кӯлҳои кӯҳии Тоҷикистон барои татбиқи дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи захираҳои обӣ, иқлим ва пиряхҳо, ҳамзамон  амалӣ сохтани ташаббуси «Даҳсолаи амалҳо оид ба дастгирии илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034» гузаронида шуданд.

Ҳадафи истифодаи усули георадарӣ дастрас намудани маълумоти дақиқтар оид ба ғафсӣ ва зичии пиряхҳо буда, барои пешгӯии дарозмуддати динамикаи онҳо ва баҳогузорӣ ба захираҳои обӣ зарур мебошад.

Аҳамияти асосии кор дар он аст, ки таҳқиқот бори аввал бо истифодаи георадар дар платформаи чархболӣ анҷом дода шуд. Ин усул имкон фароҳам овард, ки қисмҳои дастнорас ва баландкӯҳи пиряхҳо мавриди тадқиқ қарор гиранд, ки анҷоми ченкунии заминӣ дар онҳо душвор ё ғайриимкон аст.

Дар ҷараёни мушоҳидаҳо инчунин аксбардории пиряхҳо ва кӯлҳои баландкӯҳи минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом дода шуд. Ин ба ғанӣ гардидани пойгоҳҳои миллии маълумот ва атласҳо бо маводи нав мусоидат менамояд.

Натиҷаҳои пешакии таҳқиқот нишон доданд, ки усули истифодашуда дорои самаранокии баланд мебошад. Ин усул имкон медиҳад, ки дар бораи тағйироти пиряхҳо ва дигар объектҳои обии Тоҷикистон маълумоти дақиқ ва боэътимод ҷамъоварӣ карда шавад.

Ҳамзамон таҳлилҳо собит намуданд, ки истифодаи минбаъдаи чунин равиш метавонад барои ташкили низоми мониторинги мунтазаму устувори пиряхҳо ва манбаъҳои обии мамлакат дурнамои васеъ дошта бошад.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сентябрь 27, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст