ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД. Дар шаҳри Санкт–Петербург намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ ифтитоҳ гардид

Январь 29, 2024 17:45

ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия таҳти унвони «Саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озоднамоии шаҳри Ленинград аз муҳосираи Олмон» бахшида ба 80-солагии озодшавии шаҳри Ленинград ва корнамоии қаҳрамононаи халқи тоҷик дар он намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Дар маросими ифтитоҳи намоиш директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода, директори генералии Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия Сергей Рибаков, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ, намояндаи Губернатори Санкт-Петербург дар Маҷлиси қонунгузор Константин Сухенко ва дигар шахсони расмии ҳарду давлат иштирок намуданд.

Иштирокдорон роҷеъ ба саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озоднамоии шаҳри Ленинград маъруза намуда, таъкид доштанд, ки дар лаҳзаҳои фоҷиабор дар радифи дигар халқу миллатҳо халқи тоҷик ба кумаки Ленингради муҳосирагашта шитофт. Аз нахустин рӯзҳои ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳазорҳо аризаҳои ихтиёриён барои бо хоҳиши худ ба таври фаврӣ ба сафи Артиш фиристодан пешниҳод шуданд. Дар солҳои мудҳиши Ҷанги дуюми ҷаҳон, шуруъ аз аввалин моҳҳои ҷанг беш  аз 300 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ба муҳорибаҳо равона шуда, аз се як ҳиссаи онҳо аз майдонҳои набард барнагаштанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Январь 29, 2024 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд