Ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Фаронса густариш меёбад

Январь 27, 2024 11:24

ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо Сафири навтаъйини Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, атташе оид ба масъалаҳои фарҳангӣ Жули Оффре-Карю баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо иттилоъ доданд.

Зимни  мулоқот Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хонум Элза Пиниёлро барои таъйин шудан ба ҳайси Сафири Фаронса дар Тоҷикистон табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистон, хусусан Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бо муасссисаҳои илмии Фаронса густариш дода мешавад.

Сипас президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба сохтор, самтҳои фаъолият, имконияту зарфияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мухтасар дод.

Изҳори умед шуд, ки минбаъд низ робитаҳои илмию техникӣ байни ду давлати  дӯст – Тоҷикистон ва Фаронса беш аз пеш густариш ва таҳким меёбанд.

Аз ҷониби   Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба меҳмонон туҳфаҳои хотирмон ҳадя гардиданд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2024 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд