«Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» бонкҳои низомсоз эътироф гардиданд

Январь 24, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилоти қарзии низомсоз ва ташкилоти қарзии эҳтимолиро тасдиқ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо меъёри  ҷамъбасти 22,87 дар зинаи аввал қарор дорад. Ҷамъияти саҳомии кушодаи /ҶСК/ «Ориёнбонк» бо меъёри ҷамъбасти 18,63 ва ҶСК «Бонки Эсхата» бо меъёри ҷамъбасти 14,76 дар зинаҳои дуюм ва сеюми рӯйхати ташкилоти қарзии низомсоз қарор гирифтаанд.

Ҳамзамон Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки байналмилалии Тоҷикистон»  бо меъёри ҷамъбасти 6,01 тибқи қарори  Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯйхати ташкилоти қарзии эҳтимолӣ мавқеъ гирифтааст.

Бояд тазаккур дод, ки ин рӯйхат соле як маротиба бо назардошти доираи фарогирии шабакаҳо, иқтидор, мавқеъ ва нишондиҳандаҳои молиявӣ таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва маҷаллаи «Бонкдорӣ. Тараққиёт. Ҷаҳонишавӣ» нашр мегардад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

 

Январь 24, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид