Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ

Январь 26, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми ҳафтаи сипаришаванда воситаҳои ахбори оммаи чопии мамлакат рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзиширо инъикос намуданд. Зимнан, дар ин рӯзҳо таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид. Сафари давлатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар, мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои давлатии Қатар, ба имзо расидани якчанд  созишномаи ҳамкорӣ, ҳамчунин ғалабаи таърихии дастаи мунтахаби мамлакат оид ба футбол дар мусобиқоти Осиё аз муҳимтарин рӯйдодҳо буданд, ки дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ инъикос шуданд.

Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 22 январи соли 2024 дар баробари нашри хабару гузоришҳои расмӣ мақоларо бо сарлавҳаи «Бузургонро бузургон зинда медоранд» чоп намудааст. Муаллифи мақола пешниҳод намудааст, ки нахустин Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода шавад: «Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон тавассути корномаҳои наҷибу беназири Пешвои миллат ҷаҳон шоҳиди бузургдошти 90, 100, 105, 110 ва 115-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров гардид. Дар доираи ин ҷашнвораҳои бузурги воқеан миллӣ корномаҳои фаровоне анҷом шуданд, ки барои фароҳамоварӣ, таҳия, нашри осори гаронмояи ин муаррихи барҷаста, тарғиби хизматҳои шоистаи ӯ ҳамчун ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, роҳбари муассисаи бонуфузи ховаршиносии шуравӣ, абадӣ гардонидани ном ва пайкори ӯ сабаб гашт. Ин тадбирҳои наҷиб ва барномаҳои қобили таваҷҷуҳ ҳамагӣ ба ташаббусҳои пурвусъати Пешвои маърифатпарвари тоҷикони дунё такя менамоянд. Ҳанӯз соли 1997 бо ибтикори Сарвари давлат ба яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии мамлакат — Донишгоҳи давлатии Хуҷанд номи ин донишманди соҳибназар ва олими бузурги миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров дода шуд. Соли 1998 дар баробари таҷлили ҷашни бошукуҳи 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар зодгоҳ ва ноҳияи ба номи ӯ Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ ва дар маркази шаҳраки Бобоҷон Ғафуров муҷассамаи ин олим ва ходими бузурги давлатӣ қомат афрохт. Дар ҳошияи ин ҷашни бузург бо дастури Пешвои муаззами миллат масъалаи фароҳамоварӣ ва нашри осори донишманди соҳибназар ба миён гузошта шуд».

Дар идома муаллиф нигоштааст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти сиёсиву роҳнамосозандаашон ҳамеша аз андешаву афкори барҷастаи устодони бузург – Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров баҳраманд гашта, пайкорҳои ин фарзандони фарзонаи миллатро дар арсаи ҳифзи асолати миллат ва шинохти таъриху фарҳанги тоҷикон ба шоистагӣ идома додаанд. Таълифи китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар чаҳор ҷилд, «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои истиқлол», «Забони миллат — ҳастии миллат» аз ҷумлаи осоре ба шумор мераванд, ки рисолати «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро дар шароити нави таърихӣ ба иҷро расонда, муҳимтарин дастовардҳои таърихии тоҷикон, нақши миллати мо дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва саҳми беназири чеҳраҳои мондагори онро дар рушди фарҳанги инсонӣ ва афкору андешаи башарият шарҳу тафсир намудаанд.

Дар ҳамин шумораи нашрия таҳти рубрикаи «Дӯстонро гум макун!» мақолаи «Тоҷикон сазовори тоҷдорианд» чоп шудааст. Мақола дар бораи шарқшинос ва ҷуғрофидони машҳури рус Николай Хаников, ки ҳамзамон муаллифи китоби «Сафарномаи Хаников: гузориши сафар ба бахши ҷанубии Осиёи Марказӣ» мебошад, нақл менамояд. Николай Хаников соли 1841 ҳашт моҳ дар ҳайати Сафорати Русия дар аморати Бухоро ҳамчун тарҷумон фаъолият намуда, таърихи Бухоро, сокинон, вазъи аморатро таҳқиқ намуда, соли 1843 «Тасвири хонигарии Бухоро» (Описание Бухарского ханства) ном асарашро дар Санкт-Петербург нашр намуд, ки ҳанӯз аҳамияти илмии худро гум накардааст.

Асар бо забонҳои англисӣ, немисӣ ва финӣ низ чоп шуд. «Тасвири хонигарии Бухоро» дар Британияи Кабир истиқболи гарм ёфт, чаро ки аввалин асари мукаммал оид ба табиат, таърих ва дигар паҳлуҳои кори аморат буд. «Тасвири хонигарии Бухоро» дар доираҳои пажуҳишӣ ҳамчунин бо номи «Доиратулмаорифи Бухоро» маъруф аст. Аҳамияти ин асар барои мо  — тоҷикон аз он иборат аст, ки дар он бори аввал сокинони аслӣ ва созандагони тамаддуни Осиёи Марказӣ (дар мисоли хонигарии Бухоро) будани тоҷикон эътироф ва ин номаи эътироф тавассути забони англисӣ ба чор сӯи дунё эълом мешавад. Хаников баъди таҳлилу баррасиҳои тӯлонӣ ба чунин хулоса омад: «Тоҷикон сокинони бумии хонигарии шаҳри Бухоро ҳастанд», — идомаи мақоларо метавон аз саҳифаи нашрия мутолиа намуд.

Нашрияи «Садои мардум» аз 22 январи соли 2024 оид ба фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ҳисобот ва аз ҷараёни ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ гузориши муфассал нашр намудааст.

Иттилоъ дода шудааст, ки Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳ монда, соли 2023 дар самти таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иттилоотию таҳлилӣ, моддӣ ва хизматрасонии дигари фаъолияти Маҷлиси миллӣ, Шурои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳо, комиссия ва аъзои Маҷлиси миллӣ корҳои муайянро анҷом дод. Аз ҷумла, дар ин давра аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 86 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он 13 қонуни мукаммал, 3 пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интихоб ва бозхонд намудани судяҳо баррасӣ гардида, ҷонибдорӣ  шуданд.

Соли 2023 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аъзои Маҷлиси миллӣ 18 лоиҳаи қонунҳоро таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Қонунҳо дар доираи «Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025» дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020, «Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллӣ оид ба тарғибу ташвиқ ва амалигардонии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллӣ дар бораи тақвият додани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолону ноболиғон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон таҳия ва пешниҳод гардидаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» дар заминаи ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи пиряхҳо бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар шакли мукаммал таҳия ва қабул гардида, дар Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ёфта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 январи соли 2024 ба имзо расид. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ кор бо муроҷиати шаҳрвандон мебошад. Дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ қабули шаҳрвандон тибқи ҷадвали тасдиқшуда амалӣ гардида, давоми сол 249 шаҳрванд қабул шуда, муроҷиатҳои онҳо дар асоси қонун баррасӣ ва ба онҳо аз ҷониби масъулон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд.

Дар гузориш аз ҷараёни ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст, ки зимни ҷаласа масъалаҳо «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «НБО-и Роғун» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд», «Дар хусуси Созишномаи истирдод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар», «Дар хусуси Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар», «Дар хусуси Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар» ва дигар масъалаҳое, ки аз фармонҳои Президенти мамлакат бармеоянд, мавриди баррасӣ ва шарҳу тавзеҳ қарор дода шуданд. Масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳод гардиданд.

Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» мусоҳибаи ихтисосӣ бо Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзодаро бо сарлавҳаи «Рушди маориф- омили пешрафт ва суботи давлат» чоп намудааст. Мусоҳиба оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 бармеоянд, дастовардҳо ва иқдоми Вазорати маориф ва сохторҳои он нақл менамояд.

Ҳамчунин дар ин мусоҳиба доир ба низоми баҳогузории 10-хола, истифодаи планшету телефони мобилӣ дар ҷараёни таълим нақл карда мешавад. Воқеан ҳам, имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба ин масъалаҳо баҳсу мунозираҳо идома доранд, ки мо низ маводу матолиби нашршударо мунтазам пайгирӣ менамоем. Бояд гуфт, ки гузариш ба низоми баҳогузории 10-хола тақозои замон буда, таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки меъёри баҳогузории 5-хола дониши воқеии хонандагонро инъикос намуда наметавонад. Аз як тараф, меъёрҳои дақиқи баҳогузории фаннӣ пурра риоя намегарданд, аз ҷониби дигар, воқеӣ набудани баҳо ва тобеияти он ба нигоҳу мақоми омӯзгор вобаста аст. Аз ин рӯ, зарурати гузариш ба низоми нави баҳогузории бисёрхола дар шароити имрӯза ба миён омадааст. Дар раванди баҳогузории мавҷуда, асосан, аз се баҳо – 3 (миёна), 4 (хуб), 5 (аъло) истифода мекунанд, ки ин меъёр барои баҳо гузоштан ба дониши воқеии хонандагон кофӣ нест. Инчунин, дар низоми мавҷуда хонандагон ба гурӯҳҳои «аълохон», «хубхон», «сехон» ва «духон» ҷудо шудаанд, ки ба андешаи мутахассисон, чунин тарзи баҳогузорӣ ба ҳолати равонии хонандагон таъсири манфӣ мерасонад. Зарурати гузариш ба низоми баҳогузории 10-хола дар он зоҳир мешавад, ки таъмини воқеият ва шаффофияти баҳодиҳӣ ба комёбиҳои таълимии хонанда, мусоидат намудан ба баланд бардоштани дастовардҳои инфиродӣ ва таъмини худомӯзии хонандагон, ташкили шароит барои ҳавасмандсозии фаъолияти таълимию маърифатӣ, истифодаи доираи инфиродии таҳсилии хонандагон, таъмини барқарории робитаи доимӣ байни омӯзгор, хонанда, волидайн, маъмурият ва ҳайати педагогии муассисаи таълимӣ баҳри такмили ҷараёни таълим, ташкили фазои мусоиди равонӣ дар ҷараёни баҳогузорӣ, роҳ надодан ба ҳолатҳои харобкунандаи асаби хонанда таъмин мегардад. Аз ин рӯ, зарурате ба миён омадааст, ки бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ шавад.

Дар мусоҳиба ҳамчунин оид ба истифода шудан ва ё нашудани телефону планшет дар ҷараёни дарс иттилоъ дода шудааст.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Январь 26, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст