Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ

Январь 19, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, мутобиқи Нақшаи тасдиқнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январ то 16 феврали соли 2024 вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 нишастҳои матбуотӣ баргузор менамоянд. Оид ба натиҷаҳои нишастҳои матбуотӣ АМИТ «Ховар» гузориши алоҳида таҳия менамояд.

Давоми ҳафтаи сипаришаванда воситаҳои ахбори оммаи чопӣ оид ба рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат мақолаҳо, хабару гузоришҳо ба табъ расониданд. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 15 январи соли 2024 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия чоп намуда, андешаҳои ашхоси гуногункасбро оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» нашр намудааст. Нашрия ба ифтихори 100-солагии адабиётшиноси шинохта, олими пуркор Соҳиб Табаров бо сарлавҳаи «Баҳри беканори илм» мақолаи муаллифӣ чоп намудааст. Муаллифи мақола навиштааст: «Ҳабдаҳ сол пеш,  дар 83-солагияш, ки бо ӯ (Соҳиб Табаров дар назар аст — А.С.) суҳбат доштам, дар хусуси асарҳои чопнашудааш пурсида будам. Гуфт, ки «Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон 5 китобамро дар бораи Абдурауфи Фитрат чоп менамояд». Ва ҳам гуфт: «Нависандаро ба воситаи тарҷумаи ҳолаш меомӯзанд. Мо, мутаассифона, тарҷумаи ҳоли ягон нависандаи тоҷикро ба пуррагӣ надорем. Аз ин рӯ, дар ҳаҷми 300-400 саҳифа тарҷумаи ҳоли устод Айниро аз оғоз то замони рӯйбардор намудани «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш навиштам. Мусаввада аст».  Яъне, дар ин кор ҳам ӯ асосгузор мебошад. Соли 1999 ё ба шарафи 75-солагияш дар мавзуи «Масоили ифтихори миллӣ ва байналмилалӣ дар биниши Садриддин Айнӣ»  дар Академияи илмҳои Тоҷикистон маъруза намуд. Тавре аз номаш бармеояд, дар он рӯзгор ва ҳоло ҳам Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни суҳбату ҳамоишҳо дар хусуси ифтихори миллӣ доштан ва бештар шуҳрати байналмилалӣ касб намудани миллату муаррифии шахсиятҳои барҷастаи он таъкид менамоянд. Мо – адибон ва дигар олимон аз он тааҷҷуб менамудем, ки устод сол ба сол, қатъи назар аз боло рафтани умрашон ва заъфи пирӣ дар илму таҳқиқ пешрафтатар мешавад. Дар хусуси ин сир аз устод пурсида будам. Дар посух гуфт: «Ин ҳеҷ сир надорад. Инсон «агар ақли солим дошта бошад, баҳри беканор мешавад. Ба он шарт, ки ақли солим ҳамеша бо амали солеҳ пайванд бошад». Ин мақола бори дигар аз фурӯтан ва донишманди тавоно  будани олими шаҳири тоҷик нақл менамояд.

Шумораи навбатии «Ҷумҳурият» аз 16 январи соли 2024 бо сарлавҳаи «Ричард Фрай. Ховаршиносе бо тахаллуси «тоҷикдӯст» мақолаи Бузургмеҳри Баҳодурро нашр намудааст. Мақола воқеан ҳам ҷолиб ва ҳунармандона иншо шуда, дар он омадааст: «Ричард Фрай оғози солҳои 90-уми асри ХХ ба Тоҷикистон омад. Бо пажуҳишгарону суханшиносони мо дар чандин маҳфилу маҷлисҳо иштирок намуд. Мавсуф аз дӯстони наздики Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ, Муқаддама Ашрафӣ, Акбар Турсон ба шумор мерафт. Иштирокдори аввалин Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» дар шаҳри Душанбе буд, ки бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар Донишгоҳи миллӣ ба тадрис оғоз бахшид. Вазъи сиёсии мамлакати мо ноҷӯр ва нооромиҳо панҷа ба домани пойтахт заданд. Фрай бо ҳамсараш Иден Набии суриягӣ, ки хостгоҳаш эронӣ аст ва ӯ ҳам профессори Донишгоҳи Ҳарвард буд, дар яке аз биноҳои холии комбинати нассоҷии пойтахт ба ҷавонони тоҷик забони англисӣ меомӯзонданд. Маҳз он солҳо ба иншои китоби «Наследие Центральной Азии. От древности до тюркского нашествия» (Мероси Осиёи Марказӣ. Аз замони бостон то истилои туркҳо) пардохт ва он соли 2000-ум ба забонҳои русиву тоҷикӣ дар Душанбе интишор ёфт. Бино ба гуфтаи тарҷумони китоби ёдшуда Баҳриддин Алавӣ, Фрай дар Душанбе  се сол (1991-1993) зистааст». Маврид ба ёд овардан аст, ки чанде пеш дар шабакаи иҷтимоии дар байни тоҷикон ва тоҷикистониҳо хеле маъруфу қобили қабул — Фейсбук навиштаи зерин паҳн шуд: «Ричард Фолтс яке аз шогирдони маъруфи Ричард Фрай шарқшиноси мумтози амрикоӣ мегӯяд: Дар Осиёи Марказӣ  ҳанӯз чунин баҳсҳое вуҷуд доранд, ки чӣ ва ё кӣ моли кист? Аммо дар дунёи илм ин масъала кайҳо ҳалли худро ёфтааст ва шакке нест, ки фарҳанги Осиёи Марказӣ моли тоҷикҳо аст».  Ин навишта боис гардид, ки дар Тоҷикистон ба таърих ва саргузашти Ричард Фрай таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 17 январи соли 2024 хабари расмиро дар бораи мулоқоти раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо кордори муваққатии Сафорати Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиорги Чхеидзе нашр намудааст. Иттилоъ дода мешавад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ба масоили ҳамкории байнипарлумонӣ ва ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни ҳар ду давлат таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Иброз гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори афзун намудани ҳамкории мутақобилан судманд бо Гурҷистон дар руҳияи анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамбастагии байни давлатҳо ва халқҳо аст. Ҳамчунин дар ҳамин шумораи нашрияи парлумонӣ мақолаҳо бо сарлавҳаҳои «Паём — рамзи истиқлолият ва инъикосгари дастовардҳои Тоҷикистон», «Худшиносӣ паймони ақлу тафаккури инсонист», «Адабиёти миллӣ ва аслҳои истиқлол», «Ҳафт чеҳра ё ҳафт «Журналист барои ҳамеша» пешниҳоди хонандагони нашрия шудаанд. Муаллифи мақолаи «Паём — рамзи истиқлолият ва инъикосгари дастовардҳои Тоҷикистон» чунин навиштааст: «Дар ҳар Паёмашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии мамлакатро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод менамоянд. Мисоли он таҳкими ҳарчӣ бештари истиқлолият, якпорчагии давлат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтани иншооти стратегӣ, тадриҷан фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, сатҳи маърифати ҷавонон ва монанди инҳо мебошад, ки ҳама шоҳиди марҳила ба марҳила амалӣ шудани чунин барномаҳо ҳастем. Ҷорӣ намудани дастовардҳои илму технологияи замонавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳими ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Бахусус таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф хеле бештар шуда, имрӯз ҳар фарзанди тоҷик имкон дорад, ки на фақат дар дохили мамлакат, балки берун аз он дар донишгоҳҳои машҳури сатҳи ҷаҳонӣ дониш омӯзад ва соҳиби касб гардад».

Дар мақолаи «Худшиносӣ паймони ақлу тафаккури инсонист» мулоҳизаҳо атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баён шуда, муаллиф навиштааст: «Тавре аз қоидаҳои тиллоии илми педагогика бармеояд, фарзанд дар ягон ҳолат айбдор дониста намешавад, зеро ӯ гунаҳкор нест, ки дар оилаи носолим таваллуд шудааст ё дар боғча таълими шоиста нагирифтааст. Дар тарбияи насли наврас нақши мураббӣ ва омӯзгор бояд назаррас ва ин ду шахс ба дарки ҳолатҳои педагогӣ фарогирифта бошанд, дониши онҳо таъсиргузор бошад, то шогирдро ором нагузорад ва ба амалҳои нек ҳидоят намояд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Сухан аз маърифати кулли ҷомеа меравад, ки бо ҳамкориву робитаи зичи се ниҳод — оила, мактаб ва ҷомеа ҳамбастагӣ дорад». Агар бунёди тафаккури падару модар аз худшиносӣ ва худогоҳӣ тиҳӣ аст, пас худи онҳо дар дуроҳаи роҳгумӣ мемонанд. Тасаввур кунед, фарзанди аз домони шумо сабзида, ки пояю бақои умри оила аст, побанди як аҷнабӣ мегардад, тафаккури ӯро дар қаламрави тан ҷо медиҳад ва мунтазири амри онҳо мегардад. Арбоби сиёсии андешавари давлатии рус П. А. Столипин ҳанӯз як аср пеш гуфта буд: «Қавми маҳрум аз худшиносии миллӣ мисли поруе аст, ки ба рӯйи он қавмҳои дигар рушд ва нумӯъ менамоянд». Хеле навиштаи ҷаззоб аст ва бешак, аз ҷониби хонандагон ин мақола хуш пазируфта хоҳад шуд.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ»  дар баробари инъикоси ҳаёти ҳизбӣ, ҳамчунин оид ба мавзуъҳои муҳими ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ мақолаву мусоҳибаҳо нашр намудааст. Чунончӣ, дар шумораи навбатии нашрия аз 17 январи соли 2024 мусоҳиба бо корманди илмии Институти иқтисод ва демографияи АМИТ Файзулло Холбобоев таҳти сарлавҳаи «Рӯ ба иқтисоди «сабз»», дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дарҷ гардида, мусоҳибон паҳлуҳои гуногуни масъаларо аз нигоҳи илмӣ ва бо назардошти шароит баррасӣ намудаанд. Ҳамчунин дар ҳамин шумора мақолаҳо бо сарлавҳаҳои зерин чоп шудаанд: ««Тоҷикон» ва «Шоҳнома» — шиносномаҳои башарии миллати тоҷик», «Пешгириҳои омилҳои номатлуби коррупсия», «Агар чанорҳои Қаратоғ забон медоштанд…».

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Январь 19, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад