Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лусейли Қатар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Январь 24, 2024 11:01

ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лусейли  давлати Қатар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки тибқи он дар оянда ин ҳамкорӣ тақвият меёбад, иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Ин санад дар шаҳри Давҳа зимни мулоқоти  ректори  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо ректори Донишгоҳи Лусейли Қатар доктор Низам Муҳаммад, ки дар доираи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар  доир шуд, ба имзо расидааст.

Мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои марбут ба  густариши ҳамкорӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои иқтисоди «сабз», рақамикунонии таҳсил, таъсиси маркази таълимӣ –озмоишгоҳӣ, тақвияти пойгоҳи моддӣ-техникии раванди таҳсилро баррасӣ намуданд.

Дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар роҳбарият ва намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуда, бо сармоягузорону соҳибкорон ва намояндагони фондҳои маблағгузории Давлати Қатар дар қолаби В2В мулоқот анҷом доданд.

Ҳамзамон дар самтҳои сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, иқтисоди «сабз», рақамикунонии таҳсил ва амсоли инҳо дархостҳои лоиҳавӣ  пешниҳод намуданд.    

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Январь 24, 2024 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид