Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Январь 22, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Аз рӯйи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ 9 санад имзо гардид, аз ҷумла:

— Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати мудофиаи граждании Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар;

— Барномаи аввалини амал дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ барои солҳои таҳсилӣ (2024/2025-2025/2026-2026/2027).

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар барои солҳои 2024-2026;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди осорхона байни Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар;

— Изҳороти муштарак дар бораи рушди ҳамкории фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Давлати Қатар;

— Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти танзимкунандаи фаъолияти хайриявӣ дар Давлати Қатар;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти минтақаҳои озоди Қатар;

Январь 22, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид