Байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Январь 10, 2024 13:02

ДУШАНБЕ, 10.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳоқон Фидан, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳо табодули афкор намуданд.

Ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Пас аз мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия барои солҳои 2024-2026 ба имзо расонида шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 10, 2024 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд