Бар асари таркиш дар ҷанубу ғарби Покистон ду нафар ҳалок шуд

Январь 31, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 31.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари таркиши маводи тарканда дар шаҳри Сибии вилояти Балуҷистони Покистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби ин кишвар ду нафар ба ҳалокат расида, ҳафт тани дигар маҷруҳ шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзномаи Dawn-и Покистон бо истинод ба полиси маҳаллӣ хабар додааст.

Вазири тандурустии вилоят дар ҳамаи беморхонаҳои Сиби ва шаҳри ҳамсояи Кветта дар робита ба ин ҳодиса вазъияти фавқулода ҷорӣ намуд. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтиш оғоз ёфтааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 31, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш