БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Олимони тоҷик навъи тухмиҳои тезпаз, ба касалӣ устувор ва серҳосилро амалӣ менамоянд

Январь 14, 2024 11:37

ДУШАНБЕ, 14.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2023 пешниҳод гардид, баҳри рушди минбаъдаи тамоми самтҳои илми назариявӣ ва амалӣ дар Тоҷикистон дурнамо  маҳсуб мешавад.

Бино ба гуфтаи мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва гинетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олиро аз муждаи гуворо, яъне афзоиш ёфтани маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат нисбат ба соли гузашта ба миқдори 8,3 фоиз ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонидани он оғоз намуданд.

«Бинобар ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандони мамлакатро мақсади олии давлат нишон дода, амр доданд, ки аз якуми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз ва аз июли соли 2024-ум 30 фоиз боло рафтани нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин иловапулии онҳо, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд гардад. Ҳамин тариқ, аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад, ки ин тарзи масъалагузории иҷтимоию молиявӣ дар мамлакат пешниҳоди арзишмандтарин барои мардуми ҷумҳурӣ ба шумор меравад», — баён дошт мусоҳиб.

Ба андешаи доктори илмҳои кишоварзӣ, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  дастур дода шуд, ки соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин шавад. Президенти Тоҷикистон  таъкид намуданд, ки  «маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамоем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдом, пеш аз ҳама, дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд намуд, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад».

Аз ин сабаб Президенти мамлакат бо назардошти авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза таъкид намуданд, ки низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа кафили сулҳу субот ва амнияту осоиши ҳар миллат, аз ҷумла миллати тоҷик ба шумор меравад.

«Месазад иброз намуд, ки ҳар Паёми Президенти мамлакат идомаи мантиқӣ ва пурракунандаи паёмҳои қаблӣ мебошад. Яъне, онҳо бо ҳам чун занҷира пайваст буда, марҳила ба марҳила ҳадафҳои стратегии давлати азизамон – Тоҷикистонро дар бар мегиранд. Дарёфти роҳҳои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз нигоҳи экологӣ тоза, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта,  ба даст овардани навъҳои серҳосилу ба касалиҳо тобовар тақозои имрўзаи соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Имрўзҳо олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, дар раванди дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастоварҳои илмӣ  саъю кӯшиш доранд»,-таъкид дошт Қурбоналӣ Партоев.

Ҳоло олимон пешгӯйӣ менамоянд, ки то охири асри XXI ҳарорати миёнаи ҳавои кураи Замин имкон дорад, ки аз  3 то 5 дараҷа  баланд гардад. Мувофиқи маълумоти илмӣ, дар  Осиёи Марказӣ низ ҳарорати ҳаво баланд гашта, шӯршавии хок ва паст гаштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ   мушоҳида гардида, то охири асри  XXI  давом ёфтани ин равандҳои номатлуб аз эҳтимол дур нест.

«Мутаассифона, таъсири тағйирёбии иқлим дар ҳудуди давлатҳои Осиё Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ мушоҳида мегардад. Бояд иброз намуд, ки яке аз мушкилоте, ки дар натиҷаи баланд гаштани ҳарорати ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал меояд, ин обшавии пиряхҳо ва кам гаштани захираҳои обии Осиёи Марказӣ мебошад.

Бинобар ин дар оянда баҳри дастрасӣ ба амнияти озуқаворӣ, пеш аз ҳама, месазад, ки ба таҳқиқоти нави илмӣ дар самтҳои ҳифзи захираҳои обӣ ва генетикӣ дар мамлакат диққати аввалиндараҷа бояд дод. Алалхусус, баҳри ноил гаштан ба амнияти озуқавории мамлакат минбаъд вусъат додани чунин самтҳои илми биологияи муосир, ба монанди генетика, селексия ва биотехнология хеле зарур ва тақозои замон  мебошад. Аз ин сабаб олимони академия баҳри тақвият бахшидани таҳқиқоти инноватсионии илмӣ дар бахшҳои генетика, селекция ва биотехнология ҳоло дар нақшаи корҳои илмии солҳои 2024-2030 ҷустуҷӯҳои навро дар нақша доранд. Аз ин лиҳоз давоми  солҳои охир баҳри тақвият бахшидан ба корҳои илмӣ дар бахшҳои генетикаи муосир  ва селексияи растаниҳо дар асоси қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳо таъсис дода шуд, ки олимони ин озмоишгоҳи илмӣ, ҳоло нақшаи дар оянда тақвият бахшидан ба  таҳқиқоти инноватсионӣ дар самтҳои афзалиятноки биологияи муосир, аз қабили генетика, селексия ва бехатарии биологии озуқавориро доранд»,-илова намуд мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва гинетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Бояд ёдовар гашт, ки дар айни замон истифодаи самараноки гуногуншаклӣ ва тағйирпазирии гуногунии биологӣ, аз рўи чунин нишонаҳои ирсии зироати кишоварзӣ, ба монанди тезпазӣ, устуворӣ ба хушкӣ, шӯрии хок, ҳашароту касалиҳо, инчунин маҳсулнокии баланди растаниҳо дар ҳолати тағйирёбии иқлим дар кураи Замин аз мавзуъҳои мубрам ба шумор мераванд. Бинобар ин масъалаҳои омўзиш ва нигоҳдории генофонди фоиданоки гуногунии биологӣ, махсусан омўзиш ва нигоҳдории гуногунии агробиологии ҳудудҳои муайян ё ин ки экосистемаҳо яке аз самтҳои афзалятноки ҳифзи захираҳои биологӣ ва озуқаворӣ, инчунин ҳифзи табиат ва муҳити зист дар шароити ҷумҳуриамон ба шумор мераванд.

«Мавзуи омӯзиш ва ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологии мамлакат дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон возеҳ баён мешаванд. Бинобар ин яке аз самтҳои назариявӣ ва амалӣ дар таҳқиқоти генетикию селексионӣ дар мамлакат- ин, пеш аз ҳама, ҷамъоварӣ намудан ва нигоҳдории намунаҳои нодири коллексионии чунин зироати кишоварзӣ баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат, аз қабили гандум, картошка, лубиёгиҳо, пахта, сабзавот, мевагиҳо, ноки заминӣ (топинамбур) ва ғайраҳо, инчунин омӯзиши тағйирпазирии ирсии растаниҳо дар зери таъсири пайомадҳо ва раванди тағйирёбии иқлими сайёра масъалаи мубрами рӯз  боқӣ мемонад»,- гуфт доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев.

Ба гуфтаи мусоҳиб, ҳоло дар озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва гинетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон коллексияҳои намунаҳои нодири зироат, аз қабили гандум (бештар аз 150 намунаҳо), картошка (50), лӯбиёгиҳо (30), пахта (50), ноки заминӣ (25), батат (15), сабзавот (50) ва ғайраҳо гирд оварда шудаанд, ки онҳо нишонаҳои нодири селексиониро доро мебошанд.

«Ин намунаҳо тезпаз, ба об камталаб, ба касалиҳо нисбатан устувор ва серҳосил мебошанд. Аз тарафи дигар, зарур аст, ки корҳои селексионӣ ва тухмипарварии зироати кишоварзӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи мамлакат минбаъд амалӣ шаванд ва дар ин мавзеъҳо навъҳои нави растаниҳо ба даст оварда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки олимони институт давоми солҳои охир навъҳои нави картошка, ба монанди «Тоҷикистон», «Файзобод», «Рашт», «Академияи илмҳо-1», навъҳои нави пахта-«Шавкат-80», «Истиқлол», намунаҳои ояндадори гандуму лӯбиёгиҳо, топинамбуру батат ва хӯроки чорворо ба даст овардаанд, ки онҳо нисбат ба дигар навъҳо ба об нисбатан камталаб буда, ба касалиҳо устувор ва серҳосил мебошанд.  Махсусан, навъҳои нави картошка, ки дар Институт давоми солҳои охир ба даст оварда шудаанд, ҳоло дар майдони беш аз 10 ҳазор га кишт мегарданд ва деҳқонон аз кишти ин навъҳо ҳосили баланд ва даромади соф ба даст меоранд. Дастоварди муҳими олимони институт- ин ба даст овардани намунаи нави  гандуми тезпаз мебошад, ки он дар фаслҳои тирамоҳу тобистон кишт гашта, дар муддати сол ба даст овардани ду ҳосил ва то ба 90 с/га расонидани ҳосилидонро дар заминҳои обӣ таъмин менамояд»,-нақл намуд доктори илмҳои кишоварзӣ.

Барои мутобиқ гаштан ба тағйирёбии глобалии иқлим ва паст намудани таъсири манфии он ба соҳаи кишоварзӣ ба олимони тоҷик зарур аст, ки дурнамои таҳқиқоти илмиро давоми солҳои 2025-2030 тақвият бахшида, баҳри ба даст овардани навъи тухмиҳои нави ояндадори зироати кишоварзӣ, ки аломатҳои ирсии тезпазӣ, устуворӣ ба касаливу шӯрии хок, камталабӣ ба об  ва серҳосилиро доро бошанд,  корҳои илмӣ анҷом диҳанд.

Ин ҳама вазифаҳо аз  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бар меоянд.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 14, 2024 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор шуд
Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад