Беш аз 280 хонаводаи шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 07.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 280 хонаводаи шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мешаванд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, дар шаҳраки Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён бо ибтикори аҳолии се маҳаллаи Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Фирдавсӣ» кофтани чоҳи амудӣ оғоз шуд.
Чоҳи амудӣ барои зиёда аз 280 хоҷагии шаҳраки Ганҷобод пешбинӣ гардида, бо ба истифода додани он мушкилии норасоии оби тозаи нӯшокӣ пурра аз байн меравад.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода зимни иштирок дар кофтани чоҳи амудӣ аз ташаббуси сокинони шаҳрак истиқбол намуда, инро иқдоми шоиста ва неки сокинон дар оғози соли нави 2024 арзёбӣ намуд.
Сокинони се маҳаллаи шаҳраки Ганҷобод дар айни замон аз ду ҷоҳи амудӣ дар соатҳои муайян оби нӯшокӣ дастрас менамоянд. Аммо дар фаслҳои тобистону зимистон бо сабаби дур будани маҳалла аз нуқтаи обанбори шаҳрак ва номукаммал будани хати оби нӯшокӣ танқисии об пеш меояд.
Роҳбари ноҳия зимни суҳбат бо сокинон таъкид намуд, ки то соли 2025 дар ҳудуди маҳаллаи навбунёд як муассисаи таълимӣ бунёд шуда, маҳалла бо чароғпояҳои бетонӣ ва трансформатор пурра таъмин мешавад.
Ганҷобод яке аз шаҳракҳои навбунёди ноҳияи Мастчоҳ буда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он соли 2016 санги асос гузошта буданд. Шаҳрак дар аввал Меҳробод ном дошт ва соли 2018 номи Меҳрободро ба маҳаллаи Ганҷобод иваз намуда, ба Ҷамоати деҳоти Суғдиён дохил намуданд.
Ҳоло дар шаҳрак бунёди 3 мактаб, 1 беморхонаи марказӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, идораи маъмурӣ, 3 боғчаи бачагона, 8 бинои баландошёна, меҳмонхона, бозор, марказҳои хизматрасонӣ, чойхона, варзишгоҳҳо, ҳаммом ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ, ба монанди хатҳои оби нӯшокӣ, сохтмони ҳавзи обтаъминкунӣ бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб бо биноҳои ёрирасон, роҳҳо ва чароғонкунӣ бо назардошти санъати баланди меъмории миллӣ ва санъатҳои шаҳрсозию шаҳрдории халқи тоҷик ба нақша гирифта шудааст.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ давоми соли 2023 ба аҳолии шаҳраки Ганҷобод дар доираи тадбирҳои ободонии маҳал ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо неруи барқ 100 чароғпояи бетонӣ ва 3 трансформатор бо иқтидори 400 кВа дастрас шуд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд






