Бонки миллии Тоҷикистон узви Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор- «SBFN» гардид
ДУШАНБЕ, 10.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон узви Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор- Sustainable Banking and Finance Network «SBFN» гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тасдиқномаи Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор –«SBFN» дар хусуси пайваст шудани Бонки миллии Тоҷикистон ба SBFN дастрас гардид.
Бояд тазаккур дод, ки SBFN соли 2012 аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) таъсис дода шуда, ба ҳолати моҳи декабри соли 2023 он бо 84 танзимгари молиявӣ ва ассотсиатсияи саноатӣ дар 66 давлати ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд. Аъзои ин шабака аз рӯи сатҳ ва гурӯҳҳои кории мавзуӣ дар марҳилаҳои гуногуни татбиқи чораҳо дар самти маблағгузории устувор ҳамкорӣ намуда, ташаббусҳои миллии маблағгузории устуворро дар доираи таҷрибаҳои байналмилалӣ амалӣ ва ба рушди маблағгузории устувор дар кишварҳои худ мусоидат менамоянд.
Дар робита ба ин аъзои SBFN-ро зарур аст ҷиҳати беҳтар намудани масъалаҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ (ESG) аз ҷониби муассисаҳои молиявӣ, аз ҷумла идоракунӣ ва ифшои хатарҳои иқлимӣ, афзоиши гардиши сармоя ба фаъолияте, ки таъсири мусбати экологӣ ва иҷтимоӣ доранд, аз қабили коҳиш додани тағирёбии иқлим тадбир андешанд.
Низоми бонкии мамлакат дар робита ба он якчанд корҳоро амалӣ менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назоратӣ барои ба таҷрибаи байналмилалӣ мутобиқ намудани фаъолияти низоми бонкӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад.
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






