Дар Берлин маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва зарфияти иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 январ дар маркази намоишгоҳҳои Берлин «Messe Berlin» Намоишгоҳи 88-уми байналмилалии маҳсулоти кишоварзӣ «Ҳафтаи байналмилалии сабз» (International Green Week) оғоз гардида, то 28 январ идома меёбад. Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва зарфияти иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон муаррифӣ мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад.
Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, даъвати Вазорати федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон, ҳамчунин бо мусоидати Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ таъмин гардид.
Ҳайати мамлакат таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, роҳбарияти вазорату идораҳои марбута ва намояндагони бахши хусусӣ дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.
18 январ бо даъвати Вазири федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон Ҷем Ӯздемир ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи расмии Форуми ҷаҳонӣ оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ (Global Forum for Food and Agriculture) ва Намоишгоҳи байналмилалии “Ҳафтаи сабз-2024” (IGW) иштирок намуд.
Дар гӯшаи миллии Тоҷикистон маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, молу маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ, ҳамчунин нигораҳо аз гӯшаҳои табиати зебои мамлакат ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯриҳои дуҷонибаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD), Пажуҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти сиёсати ғизо (IFPRI), ширкати олмонии “BayWa” ва дигар шахсони расмӣ танзим гардид.
20 январ дар Берлин таҳти роҳбарии Вазири федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон Ҷем Ӯздемир Конфронси 16-уми вазирони кишоварзӣ зери унвони “Низомҳои озуқавории оянда: якҷоя барои ҷаҳони бе гуруснагӣ” баргузор гардид, ки дар он 65 вазири кишоварзӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд.
Аз натиҷаи конфронс изҳорот қабул гардид.



Бояд гуфт, ки ин намоишгоҳ соли 1926 таъсис ёфта, ҳамасола дар шаҳри Берлин таҳти унвони “Ҳафтаи байналмилалии сабз” баргузор мегардад.
Имсол “Ҳафтаи байналмилалии сабз” маротибаи 88-ум бо масоҳати умумии беш аз 118 000 метри мураббаъ доир шуда, дар он 1400 намоишгар аз 61 кишвари мухталиф маҳсулоти гуногуни озуқаворӣ, ҳайвоноти хонагӣ, чорвои калон, мошинҳои кишоварзиро намоиш медиҳанд. Намоишгоҳро тақрибан 300 000 нафар тамошо менамоянд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Олмон


















Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






