Дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври такмили ихтисоси омӯзгорон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 13.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври такмили ихтисоси омӯзгорони маҳаллии забони чинӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Ба он устодони варзидаи донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷалб шудаанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода изҳор дошт, ки ҳамкории фаъоли Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин хуб амалӣ шудааст, ки ин аз татбиқи муваффақонаи сиёсати маорифпарварона ва ҳамкории дӯстона таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дарак медиҳад.
Таъкид гардид, ки рушди ҷомеа ва давлат, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ба омӯзгори донишманди мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ ва истифодаи усулҳои наву фаъоли таълим бештар вобаста аст.
Зимнан василаи баланд бардоштани дониши умумӣ ва соҳавии омӯзгорон, боло бурдани донишу малакаи омӯзгор ва аз бар намудани барномаҳои замонавии таълимӣ бештар амалӣ намудани такмили ихтисоси омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Такмили ихтисос ҳамчун таҳсилоти касбии иловагӣ боиси такмил додан ва бозбинӣ намудани донишҳои мавҷуда ва аз худ намудани малакаҳои касбии омӯзгорон мегардад.
Маҳз гузаштан аз даврҳои такмили ихтисос имконият медиҳад, ки дониш, маҳорат ва малакаи касбии омӯзгор баланд гардида, омӯзгор ба талаботи низоми нави таълим, боло бурдани салоҳиятнокии касбӣ ва рушди шахсият мушарраф гардад.
Такмили ихтисос сабаб мегардад, ки қобилияти инфиродии омӯзгор сайқал дода шуда, ба боло бурдани сатҳу сифати таълим ва тарбия мусоидат намояд.
Дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омӯзиши забону фарҳанги чинӣ синфхонаҳои замонавӣ омода гардида, омӯзгорони маҳалливу хориҷӣ дар он дарс медиҳанд.
Профессор ва мудири шуъбаи докторантураи Донишгоҳи омӯзгории Шарқии Чин (Хуадон) Йе Ҷун иброз дошт, ки «ташрифи гурӯҳи мо ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боиси хушнудӣ аст. Ман аз имкони табодули таҷриба ва татбиқи таҷрибаи таҳсили байналмилалии Чин бо коршиносон ва омӯзгорон дар доираи ин чорабинӣ хеле шодам».
Омӯзгорон бо малака ва қобилияти худ дар самаранокии таълими донишҷӯён ва пешрафти самти иҷтимоӣ, ҳамчунин рушди маориф нақши асосӣ доранд. Омода намудани омӯзгорон ҳамеша воситаи зарурӣ ва чораи мусоидат ба ислоҳот ва рушди маориф мебошад. Таълими омӯзгорони чинӣ дар хориҷа ба сатҳи ҷаҳонишавӣ, иттилоотӣ ва тахассусии таҳсили чинӣ таъсир мерасонад. Метавон гуфт, ки таълими омӯзгорон яке аз тадбирҳои калидӣ барои баланд бардоштани сифати таълим ва яке аз воситаҳои асосии мусоидат ба рушди маориф мебошад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт






