Агентии таъмини сифати таҳсилоти олӣ як қатор муассисаҳои олии Тоҷикистонро аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаронад

Ноябрь 4, 2025 10:16

ДУШАНБЕ, 04.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Британияи Кабир роҳбарони як қатор  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Агентии таъмини сифати таҳсилоти олии  Британияи Кабир вохӯрӣ  намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.

Дар  мулоқот ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат роҷеъ ба ҳамкорӣ бо агентиҳои аккредитатсионӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот ва аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ ва институтсионали гузаштан ибрози назар намуданд.

Роҳбари Агентии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (QAA)  Ник Бэйли ва директори иҷроияи рушди бизнеси Агентӣ оид ба тартиб ва шартҳои баргузории аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ ва институтсионалӣ иттилоъ дод.

Агентии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (QAA) аз бонуфузтарин агентҳои таъмини сифати таҳсилоти олӣ ва аккредитатсионии Британияи Кабир маҳсуб ёфта, дар сатҳи  байналмилалӣ нуфузи баланд дорад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалии муштарак гузаронидани Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба мувофиқа расиданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Ноябрь 4, 2025 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст