Дар Душанбе байни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон музокирот баргузор гардид

Январь 25, 2024 14:14

ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 январ дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир-Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазирон дар шаклҳои маҳдуд ва васеъ вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муфассал баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду давлат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Зимни музокирот ба татбиқи тавофуқоте, ки дар натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар моҳи майи соли 2023 дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, бахусус фаъолгардонии соҳаи савдо, ҳамкории энергетикӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.


Зимни музокирот омодагӣ барои дастгирии мутақобила дар масъалаҳои пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), абзори вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба тасдиқ гардид.

Дар натиҷаи гуфтушунид харитаи роҳ оид ба омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 мувофиқа шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 25, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид