Дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Хатлон вобаста ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳуҷҷати муҳими рӯимизие аст, ки самтҳои асосии рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакатро фаро мегирад. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (шаҳри Левакант) баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш роҳбарияти донишгоҳ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Левакант ва омӯзгорону донишҷӯёни филиали донишгоҳ иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки дар сиёсати Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва илм афзалияти бештар дода мешавад. Ин аст, ки Президенти Тоҷикистон 14 декабри соли 2023 бинои нави таълимии филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба истифода доданд. Бинои нави филиали донишгоҳ дар вилояти Хатлон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯи лоиҳаи муосир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.


Иштирокдорони ҳамоиш доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳи давлатҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 давлати таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид






