Дар Москва ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баргузор шуд

Январь 27, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо роҳбарии Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.

Дар ҷаласа роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё ва доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим, донишҷӯён, инчунин консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Русия иштирок намуданд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкими нақши мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид намуда, аз ҳамватанони муқими Русия баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкории иқтисодию фарҳангӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб даъват ба амал овард.

Ҳамчунин дар ҷаласа ҳисоботу гузоришҳо оид ба корҳои анҷомдода,  таклифҳои консулҳои генералӣ ва аъзои Шурои ҷамъиятӣ шунида шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Январь 27, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид