Дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Пажуҳишгоҳи тиббии бунёдӣ таъсис ёфт

Январь 30, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 30.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Пажуҳишгоҳи тиббии бунёдӣ таъсис дода шуд, ки дорои 5 озмоишгоҳи таълимӣ бо лавозимот ва таҷҳизоти муосир мебошад, чунин иттилоъ дод ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Гуфта шуд, ки  дар ин Пажуҳишгоҳ озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, кишти селулаҳои бунёдӣ, омӯзиши бофтаҳо, бактериологию иммунологӣ ва озмоишгоҳи бактериология ва патологияи эндотелия амал менамоянд.

Тазаккур дода шуд, ки таъсиси озмоишгоҳҳои ҷадид ҷиҳати боз ҳам пурмаҳсул гардидани фаъолияти донишгоҳ дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ  аз рӯйи 5 ихтисос — «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» мутахассис омода менамояд.

Инчунин дар донишгоҳ аз рӯи 40 ихтисос мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ- таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, докторантура, доктор (PhD)- доктор аз рӯйи ихтисос омода мешаванд.

Илова бар ин дар Маркази таҳсилоти баъдидипломии Донишгоҳ такмили ихтисос, бозомӯзии касбӣ ва ихтисосгирии аввалин барои табибон ва омӯзгорон аз рӯйи ҳамаи равияҳои тиббӣ амал менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид