Дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба парвариши дарахти павловния шуруъ намуданд

Январь 7, 2024 11:29

ДУШАНБЕ, 07.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар заминҳои Хоҷагии ҷангали ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба парвариши дарахти павловния шуруъ намуданд. Он давоми як сол аллакай нашъунамо ёфта, зиёда аз 5 метр қад кашидааст.

Тавре сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҳамадонӣ Давлаталӣ Ёрматов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ, инчунин хоҷагидорони ноҳияи Ҳамадонӣ 1200 бех дарахти павловния шинонида шуд, ки нашъунамои хуб доранд.

«Ин дарахт бисёр дарахти зебо ва обталаб будааст. Ниҳолҳои онро мо танҳо ба хотири санҷиш шинонидем, ки дар як сол 5 метр қад кашиданд. Мо боварӣ ҳосил намудем, ки онро дар заминҳои мо низ парвариш намудан мумкин будааст. Соли оянда ният дорем, ки шумораи дарахтони павловнияро ба 10 ҳазор ҳазор бех расонем», — гуфт Давлаталӣ Ёрматов.

Изҳор гардид, ки дар айни замон дар ҳудуди шаҳраку деҳот, муассисаву ташкилот ва ҷамоатҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ беш аз 45 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг, 49 ҳазор дона қаламчаи гули лола, 2400 бех дарахтони сӯзанбарги ҳамешасабз ва 2100  бех дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 7, 2024 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд