Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд

Январь 17, 2024 13:31

ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси дастовардҳои ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар Осорхонаи миллӣ» намоиш ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ  Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Дар маросими  ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ  Зафаршо Иброҳимзода, намояндагони вазорату ниҳодҳои марбутаи мамлакат ва гирандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Муҳаммадҷон Ҳакимзода иштирок намуданд.

Дар намоиш асарҳое, ки дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии   «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2023 аз номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, ба тамошо гузошта шудаанд.

Бояд гуфт, ки соли 2023 озмун аз рӯйи 5 номинатсия – композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида шуда, номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор гардиданд. Дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ иштирок намуданд.

Тибқи низомнома, асарҳое, ки дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли 2023 аз номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн ғолиб дониста шудаанд, ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Январь 17, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд