Дар шаҳри Турсунзода 60 км роҳ мумфарши яклухт ва 20 км роҳ бетонпӯш гардид
ДУШАНБЕ, 10.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода соли 2023 60 км роҳ мумфарши яклухт ва 20 км роҳ бетонпӯш гардид. Дар ин хусус зимни баргузории маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Дар нишаст масъалаҳо оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар соли 2023, вазифаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 бармеоянд, ҷараёни иҷрои маъракаи супоридани ҳаққи узвият дар кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Турсунзода, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода барои шашмоҳаи якуми соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки агар рушди иқтисодиёти мамлакатро Сарвари давлат ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 8,3 % баён намуда бошанд, ин раванд дар иқтисодиёти шаҳри Турсунзода 10,1 %-ро ташкил медиҳад. Ин ҳама натиҷаи заҳмату талошҳои мардуми шаҳр ва корбарии дурусти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад






