Феҳристи мунтахаби осори хаттии Осорхонаи миллии Тоҷикистон нашр гардид
ДУШАНБЕ, 14.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Феҳристи мунтахаби осори хаттии Осорхонаи миллии Тоҷикистон (асрҳои ХIV-ХХ), қисми 1-ум ба нашр расид. Дар китоб феҳристи муфассали 140 нусхаи мунтахаби дастнавис, китобҳои чопи сангӣ ва ҳуҷҷатҳои нодири Осорхонаи миллии Тоҷикистон гирд оварда шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ин феҳрист натиҷаи таҳқиқоти чандинсолаи муаллиф Муҳаммадҷон Мусозода аз рӯи коллексияи мероси хаттии муассиса маҳсуб мешавад. Дар қисми нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангӣ қадимтарин нусхаҳои Осорхонаи миллӣ муаррифӣ гардиданд.
Инчунин маълумоти намунаҳои гуногуни ҳуҷҷатҳои таърихӣ бо матни бардошташуда оварда шудааст. Маҷмуи нусхаҳои ин феҳрист дар асоси даврабандии таърихӣ ва вижагиҳои ҳунарӣ ҷобаҷогузорӣ гардидааст.
Феҳрист бо кумак ва дастгирии директори «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Иброҳимзода чоп гардидааст.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад






