«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар вилояти Хатлон ҳаҷми мукофоти ғолибони ин озмун афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон ҳаҷми мукофотпулӣ барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2024 афзун карда шуд. Барои амалӣ намудани чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ марбут ба ин озмун 524 ҳазору 120 сомонӣ ҷудо гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Ҳамзамон тибқи қарори Раиси вилояти Хатлон, ғолибони озмун ва омӯзгорону волидайне, ки шогирдону фарзандонашон дар даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо мешаванд, бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегарданд.
Барои барандагони ҷойи якум 5000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 2000 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ гардидааст. Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъан 126 ғолиб ва 66 омӯзгор бо мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли шашум аст таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2024 баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат баргузор мегардад.
Тибқи дастури Пешвои миллат, соли 2024 низ барои иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он, довталабони даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат бе озмун ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.
Имсол ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид, ки ин бо назардошти хусусияти синну солии кӯдакону наврасон мебошад, зеро барои онҳо дарёфти «Шоҳҷоиза», ки хондан ва аз бар намудани 70 фоизи осори назмиву насриро аз рӯи чор номинатсия дар бар мегирад, барои онҳо каме душвор буд. Ҳамзамон шумораи ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба 126 нафар расид, ки дар маҷмуъ 130 нафар ғолибонро ташкил медиҳад.
Ба номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон» тағйирот ворид гардида, номи номинатсия ба «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» табдил дода шуд. Ин номинатсия яке аз бахшҳои фаъолтарини озмун ба ҳисоб меравад, зеро довталабони он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Бо инобати ин соли равон ин номинатсияро ба се гурӯҳ ҷудо намуданд: гурӯҳи якум- хонандагони синфҳои 1 то 4, гурӯҳи дуюм- хонандагони синфҳои 5 то 8 ва гурӯҳи сеюм- хонандагони синфҳои аз 9 то 11 ва 10,11-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошанд.
Бо назардошти тағйироти воридшуда, имсол маблағи умумии мукофоти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 миллиону 570 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 695 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки давоми беш аз 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид. Далели ин гуфтаҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат доир мегардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Душанбе конференсияи илмӣ доир шуд
Дар оянда дар маҳали Донишкадаи инноватсионии Душанбе шаҳраки донишҷӯён сохта мешавад
РУШДИ САНОАТИ ФАРМАТСЕВТИИ ВАТАНӢ. Дар Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз пӯсти меваи анор дору тайёр мекунанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе соҳиби ду таҷҳизоти лабораторӣ аз фанни физика гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе шумораи донишҷӯён меафзояд






