ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Мақомоти минтақаҳои озоди Қатар ҳамкории мутақобилан судманд менамояд

Январь 24, 2024 13:27

ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо эътирофи аҳамияти рушди ҳамкорӣ байни минтақаҳои озоди Ҷумҳурии Тоҷикистону Қатар ва   бо мақсади таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд, инчунин  мусоидат ба табодули таҷриба дар Давҳа Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти минтақаҳои озоди Қатар ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.

Санад дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қатар ба имзо расид.

Ба имзо расидани ин санад имкон фароҳам меорад, ки ҳамкории мутақобилан судманд густариш ёфта, нақши назарраси минтақаҳои озод дар баланд бардоштани бартарияти рақобатнокии корхонаҳо ва давлатҳо дар ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва мусоидат ба ҳамкории мутақобила дар соҳаҳои иқтисод, саноат, илму техника амалӣ шавад.

Ҳадафи Ёддошти тафоҳум бунёди заминаи умумии ҳамкории минтақаҳои озоди ҳарду давлат мебошад. Дар доираи ин санад тарафҳо мубодила ва ҳамкориро байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла бо маҳдуд нагардидан бо татбиқи мубодилаи таҷриба дар самти ҷалби сармоя ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ташкили сафарҳои мутақобил ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, табодули иттилоот дар самти баланд бардоштани иқтидори кормандони минтақаҳои озоди иқтисодӣ, мусоидат ба ҳамкории тарафҳо дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ анҷом медиҳанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 24, 2024 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд