МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хурмо ба рафъи афсурдаҳолӣ ва пешгирии саратон мусоидат менамояд

Январь 7, 2024 14:41

ДУШАНБЕ, 07.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло, ки мавсими хурмо аст, аз истеъмоли он барои саломатӣ истифода бояд бурд. Дар таркиби ин мева витаминҳои A, C ва P, микроэлементҳо, қанд, сафедаҳо, кислотаи лимӯ ва дигар моддаҳои биологии фаъол буда, аз ҳама муҳимаш миқдори зиёди йод мавҷуд аст. Хурморо табибон барои рафъи асабоният, табъи хира ва ҳатто афсурдаҳолии сахт, бемории саратон тавсия медиҳанд. Тафсилоти бештари АМИТ «Ховар»  дар ин мавзуъ  манзур мегардад.

Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ иброз медоранд, ки агар меваи пухтаи хурморо дар ҷойи  муътадил нигоҳ дорем, то 6 моҳ хусусияти худро гум намесозад.

Бо такя ба маълумоти сарчашмаҳо метавон гуфт,  ки ватани аслии хурмо Чин мебошад. То имрӯз доир ба навъу намуди он андешаҳо гуногун мебошанд. Бештари олимон бар он назар ҳастанд, ки қариб 200 навъи дарахти хурмо ба ҳисоб гирифта шудааст, ки дар мавзеъҳои тропикӣ ва субтропикии Африко, Осиё, Амрикои шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ҳиндустон ва  ҷазираҳои Филиппин мерӯянд.

Дар Тоҷикистон низ чанд навъу намуди ин мева парвариш меёбад. Аслан мо хурморо аз тухми он сабзонида, сипас бо навъи беҳтар пайванд намуда, парвариш менамоем. Чун ин мева ба гармӣ бештар майл дорад, дар мамлакати мо хурмои беҳтарин дар водии Ҳисор ва ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин қисме аз ноҳияҳои вилояти Суғд мерӯяд.

Тавре дар Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, дар қитъаи таҷрибавии филиали Интститути боғпарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  дар  ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд   парвариши хурмо, ки ба иқлим ва обу хоки минтақа муносиб аст, амалӣ гардидааст. Масоҳати умумии замини таҷрибавӣ 1 гектарро дар бар гирифта, бо ҷалби олимони соҳа дар он парвариши чор навъи хурмо амалӣ гардидааст. Ба иттилои масъулин,  ҳар сол аз ҳар гектари  ин боғ  аз 30 то 35 тонна хурмои хушсифат ҷамъоварӣ мешавад.

Бо назардошти ҳосили хуб ва сифати баланд дар қитъаи таҷрибавӣ навъҳои «Кулчахурмо», «Серҳосили Вахш», «Болаззати Деҳмой» ва «Пешпази ширин» парвариш шуда, маҳсулоти тару тозаи он ба бозорҳои дохили мамлакат ба фурӯш бароварда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар Шарқ ба хурмо аҳамияти хосса медиҳанд. Ибни Сино хурморо ҳамчун воситаи мустаҳкамкунии тамоми узвҳо, инчунин барои беморони лоғару заиф тавсия додааст. Исбот шудааст, ки хурмо нисбат ба себ ду маротиба бештар микроэлементҳои муфид ва нахи парҳезӣ дорад, аз ин рӯ ин мева намегузорад организм пеш аз муҳлат пир шавад. Маҳз аз ин сабаб онро дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон «шоҳи меваҳо» меноманд.

Ба тавсияи табибон,  онро барои табобати бемориҳои саратон, шуш ва пайдошавии санг дар гурдаҳо метавон истеъмол намуд. Инчунин онро ҳангоми асабоният, табъи хира ва ҳатто афсурдаҳолии сахт тавсия медиҳанд. Хурмо инчунин узви босираро мустаҳкам намуда, намегузорад, ки бадани инсон пеш аз муҳлат пир шавад. Ба гуфтаи онҳо, хурмое, ки ҳангоми наҳорӣ мехӯред, фаъолияти ақлониро зиёд менамояд.

Ғизошиносон хурморо барои кам намудани вазн тавсия медиҳанд. Зеро хурмо бо вуҷуди ширин буданаш камкалория аст. Аммо бемороне, ки мубталои диабети қанд ҳастанд, бояд хурморо камтар истифода намоянд.

Хурмо манбаи витаминҳои зиёде аст, аз ҷумла, дар таркиби он витамини А ба миқдори зиёд мавҷуд аст, ки ба пешгирии саратон мусоидат менамояд; витамини P, ки нозукии рагҳои хунро коҳиш медиҳад; витамини С (53% он дар буттамева), ки таъсири тоникӣ дорад.

Табибон барои чунин гурӯҳҳои беморӣ бештар истеъмоли хурморо  тавсия медиҳанд:

Бемориҳои онкологӣ. Азбаски хурмо бисёр витамини «бета-каротин» ва витамини А дорад, онро ҳамчун чораи пешгирикунанда аз саратон тавсия медиҳанд.

Камхунӣ. Оҳане, ки дар таркиби хурмо аст, ба пешгирии бемориҳои камхунӣ мусоидат менамояд ва сифати хунро беҳтар месозад. Занони ҳомила бояд ҳар рӯз хурморо ба ғизои парҳезии худ дохил намоянд.

Бемориҳои ғадуди сипаршакл. Тавре ки маълум аст, маҳсулоти дорои йод барои пешгирии бемориҳои сипаршакл тавсия дода мешавад. Хурмо яке аз меваҳои беҳамто дар рӯйхати ғизоҳои аз йод бой ҷойгир аст.

Бемории уролитияс (пешобдон). Хурмо ба ташаккули мувозинати калий-натрий дар организм мусоидат ва намакҳои зиёдатии натрийро аз бадан хориҷ менамояд. Инчунин миқдори зиёди калий дар хурмо эҳтимоли пайдоиши сангҳоро дар роҳи пешоб коҳиш медиҳад.

Бемориҳои илтиҳоб. Биёр бемориҳо, аз қабили варами муфосил (артрит), бемории қанд (диабет), саратон, фарбеҳшавӣ, бамориҳои дилу рагҳо дар натиҷаи илтиҳоби музмини узвҳои бадан пайдо мешаванд. Истеъмоли меваи хурмо, ки дар таркиби худ витамини С дорад, ин гурӯҳи бемориҳоро пешгирӣ менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 7, 2024 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР БАДАХШОН. Сабзазорҳои алпӣ, биёбонҳои баландкӯҳ, дарёҳои тезҷараён ва кӯлҳои мусаффои он назаррабо мебошанд
Ба пешвози 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангию маърифатӣ доир мешаванд
ҚОНУНИ ТАНЗИМ — НАМУНА БАРОИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА. Дар давраи амали ин қонуни миллӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ сарфа шудааст
ШАҲРИСТОНИ ҲУЛБУК. Бозёфтҳои аз ин ёдгорӣ пайдогардида намунаи санъати олии ҳунармандӣ буда, нотакрор мебошанд
«IMPERIУA TECHSTREAM — 2025». Дар Душанбе барои наврасон нахустин озмуни технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Баҳодур Шерализода: «Ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо эътироф намудааст»
Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои иштирокдори ИДМ аҳамияти махсус медиҳад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Протокол оид ба мубодилаи маълумоти пешакии гумрукӣ дар бораи интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ба имзо расид
Ҷаласаи 80-уми Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи саноат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад
Байни минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд»-и Тоҷикистон ва «Воронеж»-и Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид