МО БОЯД БО ФАРҲАНГИ ХУД ДУНЁРО ТАСХИР НАМОЕМ. Андешаҳо дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи сарвароне ҳастанд, ки ба парлумон ва мардуми ҷумҳурӣ ҳамасола Паём пешниҳод менамоянд. Ин ҳам як таҷрибаи нодири давлатдории Президенти Тоҷикистон аст, ки аз вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мардумро огоҳ ва нақшаҳои дурандешонаву ояндасозро пешниҳод менамоянд.
— Чун анъана дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз
28 декабри соли 2023 шуруъ аз соҳаҳои иқтисодӣ, молиявӣ, бонкӣ, сармоягузорӣ, саноат, геология, энергетика, роҳу коммуникатсия то кишоварзӣ, сайёҳӣ, илму маориф, фарҳанг, варзиш, шуғли аҳолӣ, тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ, қонунгузорӣ, амнияту мудофиа ва сиёсати хориҷӣ таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Тавре Президенти ҷумҳурӣ иброз намуданд, «соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, бо шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди ҷумҳурӣ боз як соли бобарор гардид».
Воқеан соли сипаригардида дар дунё таҳаввулоти гуногун ба чашм расиданд: вазъи сиёсии ҷаҳон торафт печида гардид, тағйирёбии бо суръати иқлим, мушкилӣ дар таъминот бо маҳсулоти озуқаворӣ чун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷумҳурии мо низ бетаъсир набуд. Вале бо роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифи Тоҷикистон ин солро низ чун соли бобарору муваффақ орому осоишта ба поён расониданд. Албатта, ҳамаи ин аз заҳмату фидокориҳои шабонарӯзии Сарвари давлат аст, ки мо ҳеҷ вақт набояд фаромӯш созем.
Тавре дар боло ишора намудем, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ чанд пешниҳодҳои муҳимму саривақтӣ садо доданд.
Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад».
Ин пешниҳоди Сарвари давлат идомаи сиёсати фарҳангпарварона буда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди фарҳанг, ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Тавре маълум аст, бо дастгирӣ ва пешниҳодҳои саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муаррифии фарҳанги бостонӣ дар арсаи ҷаҳонӣ якчанд ёдгориҳои таърихӣ ва ҷашнҳои бостонӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Шаҳраки қадимаи Тахти Сангин, Саразм, мавзеи табиии «Боғи миллии Тоҷикистон», мусиқии миллии «Шашмақом», «Фалак», Рӯзи байналмилалии Наврӯз, таоми миллии «Оши палав», либоси миллии «Чакан» аз ҷумлаи номинатсияҳое мебошанд, ки бевосита бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ гуфтанд, ки «… дар солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ якчанд иқдоми назаррас амалӣ гардиданд.
Соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид».
Ин, албатта, мояи фахру ифтихори тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки бо сарварии Пешвои миллат худро ба ҷаҳониён ба сифати ҷумҳурӣ ва мардуми фарҳангсолор муаррифӣ менамоем.
Дар баробари ин, ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кушодани Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)» низ қадами дигари ҷиддӣ дар ин самт мебошад.
Акнун мо метавонем, таъриху фарҳанги пурғановати мардуми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар тарғиб ва муаррифӣ намуда, дунёро бо фарҳанги худ тасхир намоем.
Зеро дар замоне, ки дар минтақаҳои гуногуни олам низоъҳо идома доранд, мо бо пешниҳодҳои фарҳангӣ ва ҷаҳонии худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паём медиҳем, ки сулҳу суботу осоиштагӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ беҳтарин неъмат аст. Ва инро Сарвари фарҳангдӯсти мо чандин бор таъкид менамоянд. Чун ба воситаи фарҳанг, санъат, адабиёт ва ҳунар мардумони олам бо ҳам қарин мегарданд, дӯстиву рафоқат пойдор мешавад, сулҳу амонӣ таъмин мегардад. Ин меҳвари сиёсати сулҳпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад.
Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози», ки имсол 95-солагии худро таҷлил менамояд, барои тарғиби дӯстиву бародарӣ, инъикоси дастовардҳои замони истиқлол, муттаҳид намудани мардум дар атрофи сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам кӯшиш менамояд.
Зеро тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди ҷумҳурии соҳибихтиёрамон равона созем».
Ёқубҷон АБДУМАНОНЗОДА,
сармуҳаррири нашрияи Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид






