Муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатар бар асоси эътимод ва эҳтироми ҳамдигар густариш меёбанд

Январь 22, 2024 18:05

ДУШАНБЕ, 22.01.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар изҳор намуданд, ки муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Қатар дар заминаи эътимод ва эҳтироми ҳамдигар густариш ёфта, ҳадафи ниҳоии ин муносибот рушди умумӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони ду мамлакати дӯст мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти мазкур вазъи кунунии иқтисодии Тоҷикистон ва самтҳои ояндадори ҳамкории ду давлатро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар 20 соли охир ба ҳисоби миёна зиёда аз 7 фоизро ташкил дода, нишондиҳандаи таваррум дар соли 2023 дар сатҳи 3,8 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки баҳри рушди минбаъдаи энергетика, нақлиёт, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд. Баҳри сармоягузорон имконият ва шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, имтиёзҳои андозу гумрук ва кафолатдиҳӣ пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, тибқи қонунгузории амалкунанда барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар  шудаанд.

Таъкид гардид, ки узвияти Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Дар баробари ҳамин, Тоҷикистон бо тамоми сохторҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкории пурсамарро ба роҳ монда, бо 110 давлати дунё робитаҳои иқтисодӣ дорад. Ҳамин аст, ки айни ҳол дар Тоҷикистон амалисозии беш аз 720 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 13, 8 миллиард доллари ИМА .бомуваффақият идома дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 22, 2024 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд