Намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 44-уми Шурои иҷроияи ИСЕСКО дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ иштирок доранд

Январь 18, 2024 09:28

ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 январ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ иҷлосияи 44-уми Шурои иҷроияи Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) ва ҷаласаи дувуми машваратии котибони масъули комиссияҳои миллӣ оид ба корҳои ИСЕСКО мегузарад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Зимни ҷаласа ташаббусҳо ва дастовардҳои кунунии ИСЕСКО баррасӣ мешаванд.

Бояд таъкид намуд, ки якчанд ёдгории таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси моддии фарҳангии ИСЕСКО шомил гардида, ду ёдгории дигар – “Боғи миллӣ” ва “Саразм” ба рӯйхати асосии ин созмон дохил шудаанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 18, 2024 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна