Неругоҳи барқи обии «Себзор» баъди оғози кор 11 МВт қувваи барқ истеҳсол менамояд
ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар иншооти муҳими энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ‐ Неругоҳи барқи обии «Себзор» ҳоло такягоҳи се дастгоҳи тавлидкунандаи барқ пурра омода гардида, дигар корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Дар айни замон дар ҳамаи самтҳои сохтмони ин лоиҳа беш аз 300 нафар ба корҳои бунёдӣ машғул буда, шуруъ аз моҳи марти соли равон теъдоди сохтмончиён ба 500 нафар расонида мешавад.
Сарбанди неругоҳ бо баландии 8,5 метр бунёд гардида, ҳоло корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 100 нафар дар ин самт идома доранд.
Тибқи лоиҳа, Неругоҳи барқи обии «Себзор» баъди оғози кор 11 МВт қувваи барқ истеҳсол намуда, иқтидори истеҳсоли солонаи неруи барқ 77,6 МВт‐ро ташкил медиҳад.
Дар баробари сохтмони неругоҳ инчунин 4 км роҳи ҳудуди он мумфарш ва чароғон гардида, бунёди мактаби замонавии дуошёна, майдончаи варзишии замонавӣ ва пули мошингузар ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






