ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Сокинони Ҷамоати деҳоти Норини Ёвон бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
ЁВОН, 02.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар деҳаи 1-майи Ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон кашидани хати оби нӯшокӣ дар масофаи 10 км ва сохтмони ҳавзи об, пойгоҳҳои обкашӣ, кофтани хандакҳо ва насби обченкунакҳо оғоз гардид. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Ин лоиҳа то моҳи марти соли 2024 пурра амалӣ шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад. Бо ин амал сокинони деҳаи 1-май пурра бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд.
Дар ноҳияи Ёвон дар пайравӣ ба иқдоми созанда ва ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” пайваста амалӣ мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад






