ҶОМИ ОСИЁ-2023. Ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқа эълон шуд
ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт тасмим гирифт, ки иштироки ҳайати дастаи мунтахаби мамлакат дар Ҷоми Осиё-2023-ро, ки аз 12 январ то 10 феврал дар Қатар баргузор мешавад, эълон намояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба рӯйхати ниҳоии даста барои Ҷоми Осиё 26 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил гардид.
Дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» рақобат менамояд. Дастаи Тоҷикистон дар бозии якуми худ 13 январ бо тими миллии Чин бозӣ менамояд.
Дастаи Петр Сегрт 17 январ дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо мизбони Ҷоми Осиё-2023 – тими миллии Қатар бозӣ менамояд.
Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 январ бо яккачини Лубнон рақобат менамояд.
Бояд иброз намуд, ки аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан»), Далер Имомназаров («Эсхата»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Буризод (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА), Алишер Шукуров («Куктош»);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).
Ҷоми Осиё-2023
Гурӯҳи «А»
Даври 1
13 январи соли 2024 (шанбе)
Оғоз – соати 19:30 ба вақти Душанбе
Чин – ТОҶИКИСТОН
Давҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа
Даври 2
17 январи соли 2024 (чоршанбе)
Оғоз – соати 19:30 ба вақти Душанбе
ТОҶИКИСТОН – Қатар
Давҳа, варзишгоҳи «Ал-Байт»
Даври 3
22 январи соли 2024 (Душанбе)
Оғоз – соати 20:00 ба вақти Душанбе
ТОҶИКИСТОН – Лубнон
Давҳа, варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамад
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






