ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба даври 1/4-ниҳоӣ баромад

Январь 29, 2024 00:00

ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври 1/4-ниҳоӣ баромад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор гардид.

Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи вақти изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/4-ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Ироқ ва Урдун рӯзи 2 феврал бозӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар аввалин иштирокаш дар Ҷоми Осиё ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 29, 2024 00:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд