Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ суръатбахши корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 январ дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони корхонаҳои зерсохтори Саридора ҳамоиш доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин саридора.
Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз намуд, ки “он ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳо ва дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳамаи самтҳо рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, соҳаҳои обу энергетика, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули иқтисоди «сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 ва дигар мавзуъҳои муҳимро фаро мегирад”.
Иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро метавон стратегияи давлатӣ номид, ки тамоми мардуми Тоҷикистонро муваззаф месозад дар роҳи рушду тавсеаи иқтисоди ватанӣ, ҳифзи манофеи миллӣ, устувории давлати дунявӣ ва пойдории ваҳдати мардумию суботи сиёсӣ қадамҳои устувор гузоранд ва бо ташаббусу ибтикороти рӯзмарра ба сатҳи зиндагии арзандаву шоиста бирасанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари соҳаҳои иқтисодӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, роҳу коммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, илму маориф, фарҳанг, шуғли аҳолӣ, тандурустӣ, қонунгузорӣ, амнияту мудофиа, сиёсати хориҷӣ, инчунин соҳаи геология низ таҳлилу баррасӣ гардида, чанд пешниҳои муҳиму саривақтӣ садо доданд.
Дар робита ба тағйирёбии иқлим Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ин мушкилот дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфӣ қарор додааст. Дар мамлакат ҳамасола офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди мамлакат зарари ҷиддӣ мерасонанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Саридораи геология уҳдадор гардид, ки бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Атласи равандҳои экзогениву геологии мамлакатро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Барои баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок дар назди масъулини соҳаи геология мақсаду вазифаҳои нав гузошта шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самти рушди геология изҳор доштанд, ки бояд бо маблағгузории мақсаднок ба ин соҳа ва ҷалби мутахассисони давлатҳои хориҷӣ ва тараққиёфта мутахассисони маҳаллӣ омода шаванд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои баёншуда Нақшаи чорабиниҳои саридора тасдиқ шуда, кормандони масъул барои иҷрои он вазифадор гардиданд.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид
Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дафтари минтақавии рушди таҳвилгарон ва содирот таъсис дода мешавад
Аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон 65 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Хатлон дар 2495,7 гектар гармхонаи доимӣ ва мавсимӣ сабзавот кишт карда шуд
«MADE IN IRAN». Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад
Соли 2025 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 115,7 фоиз иҷро гардид
То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 325 миллиард сомонӣ расонида мешавад
ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон майдони дарахтони саксавул ва павловния васеъ мегардад






