Президенти Тоҷикистон: «Камборишу хушк омадани тирамоҳу зимистони имсола моро водор месозад, ки тамоми имкониятро самаранок истифода намоем»

Январь 26, 2024 17:36

ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон камборишу хушк омадани тирамоҳу зимистони имсола моро водор месозад, ки истифодаи самараноки тамоми имконияту воситаҳоро таъмин намоем. Яъне, имсол бо истифода аз тамоми имконияту воситаҳо гузаронидани кишти такрории пайваста ва гирифтани 3-4 ҳосил бояд таъмин шавад. Чунин изҳор доштанд 24 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ  дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки ҳарчанд  соли 2023 фаровонии бозори истеъмолӣ ва муътадилии нархҳо таъмин гардид, вале бо назардошти тамоюлҳои манфии иқтисоди ҷаҳон ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим ҳифзи амнияти озуқаворӣ минбаъд низ ҳамчун вазифаи муҳим боқӣ мемонад.

Бо мақсади амалисозии фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, Бонки миллӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки дар ин самт мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.

Президенти мамлакат  ин сохтору мақомотро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда тадбирҳои иловагии пешгирикунанда андешида, муътадилии нархҳоро дар соли равон таъмин намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 26, 2024 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт