РЕШАИ ДАРАХТОНРО БО ОБМОНИИ ЗАХИРАВӢ САРД НИГОҲ ДОРЕД! Коршиноси соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон тавсия медиҳад

Январь 6, 2024 13:51

ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров бинобар камбориш ва гарм омадани зимистони имсола ба деҳқонон хотирнишон месозад, ки дар ин айём гарм будани хок ва кам будани намнокӣ сабаби пайдошавии муғчаҳои аввалини гули дарахтон мегардад. Дар ин шабу рӯз агар бориш ба амал ояд ва баъд аз он ҳарорат тағйир ёфта, ба 10+15 дараҷа расад, бисёр дарахтони мевадиҳанда ба гулкунӣ оғоз менамоянд, ки ин ҳолат оқибати хуб надорад. Барои пешгирӣ намудани ин ҳолат деҳқононро мебояд аз обмонии захиравӣ истифода бурда, решаи дарахтонро сард нигоҳ доранд.

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, моҳи январ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, 3-7 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад.

Аз рӯйи таҳқиқоту омӯзиши олимон муайян шудааст, ки ҳамасола тағйироти иқлим то 1; 0,5 дараҷа ба назар мерасад. Ин боиси таъсири манфӣ расонидан ба ҳама организми зинда, аз ҷумла инсон ва олами набототу ҳайвонот мегардад.

Ба гуфтаи Ҳикматулло Назиров, тағйирёбии иқлим дар  Тоҷикистон низ баръало эҳсос мешавад. «Тафовути зимистони соли гузашта ва имсоларо бубинед, ки то кадом андоза назаррас аст. Соли сипаригардида сардиҳои хеле зиёд ва ғайричашмдошт буданд, ки ин албатта, ба мевагиҳо бе таъсир намонд. Имсол мебинем, ки ҳарорати ҳаво то 15-17 ва баъзан 20 дараҷа гарм мешавад. Ин ҳолат, албатта, ба зироати кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳандаву токзор таъсири манфӣ мерасонад. Дар чунин ҳолат барои хунук нигоҳ доштани системаи решаи дарахтон ва токзор ҳатман намнокиро таъмин намудан зарур аст».

Мутахассис дар чунин шароит ба деҳқонон тавсия медиҳад, ки бояд  обмонии захиравиро амалӣ созанд. Бо ин роҳ мо метавонем як муҳлати муайян гул намудани дарахтони мевадиҳанда ва токзорро боздорем. Ин чорабинӣ ва ин тадбирҳо танҳо дар заминҳои обёришаванда амалӣ мешаванд, пас дар заминҳои лалмие, ки дар онҳо боғҳо ва токзори хеле зиёд мавҷуд мебошанд, чӣ кор бояд намуд?

Ҳикматулло Назиров ягона роҳи пешгириро дар заминҳои лалмӣ дар  нарм намудани гирду атрофи системаи решаи дарахтон ва дар ҳолати пайдо шудани намнокӣ дар атрофи реша зам намудани миқдори зиёди барфро тавсия медиҳад. Чун ба андешаи ӯ, ин ягона роҳи ҳал дар заминҳои лалмӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 иброз намуданд, ки «гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон мегардад, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат менамояд».

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки «мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод ба мерос гузорем».

Аз ин рӯ мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам намудани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем.

Ҳикматулло Назиров чунин мешуморад, ки баҳри пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ки имрӯзҳо ба таври чашмрас мушоҳида мегардад, ҳамаҷониба бояд тамоми тадбирҳои пешгирикунандаи таъсир ба муҳит ва боғу токзорро андешем.

«Дар ин шабу рӯз барои пешгирӣ намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим мо бояд ба ҳолати санитарии дарахтон диққати зарурӣ диҳем. Ин ҳам кам намудани баргҳои дарахтони мевадиҳанда мебошад. Ҳар қадар, ки  шохзори дарахт калон бошад, ҳамон қадар талаботи зиёд ба обу ғизо дорад. Пас мо бояд коре намоем, ки ин талабот камтар гардад. Бо ба шакл даровардани навдаву шохзори дарахт ва кам намудани он мо метавонем талаботи зиёди  дарахтонро ба об кам намоем, ки ин яке аз роҳҳои пешгирии басомади тағйирёбии иқлим шуда метавонад»,-изҳор дошт мутахассис.

Ба гуфтаи мутахассиси соҳа, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, дар ҳолати пайдо шудани ягон савол ва ё зарур шудани тавсия деҳқонон метавонанд ба рақамҳои 907 41 88 23 муроҷиат намоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 6, 2024 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ дар истифодаи устувори захираҳои об тақвият меёбад
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо тавассути VR айнакҳо пиряхҳои Тоҷикистон ва ҷаҳонро тамошо намуданд
Ҳадафи ташаббусҳои ҷаҳониии Президенти Тоҷикистон рафъи норасоии об дар саросари дунё ва пешгирии хатарҳои камобӣ мебошад
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бояд машъалафрӯзи ҳар хонадони тоҷик бошад ва анъанаи неки шоҳномасароӣ барқарор шавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Дар фасли тобистон кадом таомҳоро бояд истеъмол намуд?
Дар Рашт ҷаласаи комиссияи корӣ оид ба истифодаи неруи барқ доир гардид
Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ ҳуқуқ ва уҳдадорӣ доранд?
Кӯдаконро аз иттилооти ба саломатӣ ва инкишофи онҳо зараровар ҳифз бояд намуд
Соҳибкорзан Зарринаи Сафаралӣ: «Дастрасӣ ба гранти президентӣ омили пешрафти соҳибкории занон аст»
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аҳамияти кӯдаконро дар ҳаёт ва ҷомеаи мо ҳамчун узви муҳими ҷомеа таъкид менамояд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Вилояти Мухтори Синзян-Уйғури Чин баррасӣ гардиданд
«ШОҲНОМА — ОРМОНИ МИЛЛӢ». Он мактаби худшиносӣ ва парчами ифтихори миллии мо аст