Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024» қадрдонӣ гардиданд

Ноябрь 29, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024» ҷамъбаст гардид.

Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи ихтироъкорӣ, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварони мамлакат, татбиқи ихтироъ дар истеҳсолот, рушди неруи инсонӣ, дарёфти механизми дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва навоварон доир шуд.

Озмун дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 вобаста ба рушди сармояи зеҳнӣ, ташаккули иқтисоди ба дониш ва навоварӣ асосёфта, рушди ҳамаҷонибаи фаъолияти ихтироъкорӣ байни ҷавонону наврасон баён дошта буданд, гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмун аз ҷониби ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон барои иштирок 88 ариза пешниҳод шуд. Аз ҷумла, 45 ариза аз шаҳри Душанбе, 18 ариза аз вилояти Хатлон, 10 ариза аз вилояти Суғд, 12 ариза аз ноҳияҳои тобеи марказ ва  2 ариза  аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Озмун тамоми қишри ҷомеаро дар бар гирифта, аз номинатсияҳои зерин: «Ихтироъкори беҳтарин» (аз 30-сола боло); «Ихтирои беҳтарин»; «Муассисаи таълимӣ ва илмию таҳқиқотии беҳтарин дар самти ихтироъкорӣ»; «Лоиҳаи инноватсионӣ»; «Зеҳни сунъӣ: барномаҳои компютерӣ ва манбаъҳои маълумотӣ» иборат буд.

Ғолибон бо ҷоиза ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар доираи ҷамъбасти озмун дар мавзуи «Нақши ихтироъ дар таъмини ҳаёти солим» ҳамоиш доир карда шуд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 29, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд