Дар Тоҷикистон дар даҳ моҳ беш аз 14 ҳазор тонна ресмони пахтагин истеҳсол гардидааст

Ноябрь 29, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи январ то октябри соли равон аз ҷониби корхонаҳои ресандагӣ беш аз 14 ҳазор тонна ресмони пахтагин истеҳсол гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон 14 корхонаи ресандагӣ фаъолият мекунад. Аз шумораи умумии корхонаҳои коркарди нахи пахта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «ИИ Нассоҷии Тоҷик»-шаҳри Душанбе, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавонӣ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «САТН»-и шаҳри Хуҷанд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саноати Ашт», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Органик Ян»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» маҳсулоти гуногун, аз қабили либосворӣ, матоъ ва ҷӯроб истеҳсол карда мешаванд.

Дар мамлакат саноати сабук бо назардошти дастрас будани ашёи хоми маҳаллӣ, хусусияти меҳнатталабӣ, ки ба ташкили шумораи зиёди ҷойи кор мусоидат мекунад ва қобилияту имконияти васеи бо маҳсулоти тайёр таъмин намудани аҳолӣ соҳаи муҳим ба ҳисоб меравад.   Дар саноати сабук афзалият ба соҳаи коркарди нахи пахта дода шуда, ба рушди он аҳамияти хосса дода мешавад. Чунки дар Тоҷикистон иқтидори захираи ашёи хом барои ин соҳа мавҷуд буда, ҳамасола ба ҳисоби миёна аз 100 то 120 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол карда мешавад.

Ислоҳоти солҳои охир дар ин соҳа амалишуда ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат карда, аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ ба соҳаи коркарди нахи пахтаи мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

         АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 29, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд