САДА — ҶАШНИ МАРДУМИ ОРИЁИТАБОР. Дар ноҳияи Айнӣ ин иди кишоварзонро бошукуҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Қобили тазаккур аст, ки фалсафаи тамоми ҷашну маросими мардумии тоҷикон аз ваҳдати ҷомеа, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар, омӯзиши илму ҳунар, маърифат, арҷгузорӣ ба тамоми унсурҳои табиат ва дигар падидаҳои нодир иборат мебошад. Миллати тоҷик шаҳрсозу шаҳрдор ва покманишу фарҳангӣ буда, ин ҳама ҷашну маросими мардумӣ, ки аз аҳди бостон то имрӯз таҷлил мегарданд, нишоне аз тамаддуни волои миллат мебошанд. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёд эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мегардад.
Дар ҷашни Сада роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия иштирок намуда, дар мавриди ин анъанаи неки ниёгон сухан гуфтанд.
Таъкид шуд, ки ҷашни Сада дар радифи Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, нишон аз волоияти тамаддуни миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Сада- ҷашни мардуми ориёитабор ҳамчун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Дар гузашта ва имрӯз мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил менамуданд. Чун оташ дар фарҳанги мардуми ориёӣ рамзи покӣ, рӯшноӣ ва гармӣ буда, сарчашмаи рӯзгори босубот ва зиндагии шоиста маҳсуб меёфт.



Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳанд».
Зимни ҳамоиш Раиси ноҳия бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷаги ҷангали ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда буд, шинос шуд.
Дар идома барои дар сатҳи хуб ташкил намудани намоиши ҳунарҳои мардумӣ як зумра фаъолон бо Сипосномаи Раиси ноҳия қадрдонӣ шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд






