Сада таҷассумгари анъанаҳои миллӣ мебошад

Январь 30, 2024 18:41

ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Сада-таҷассумгари анъанаҳои миллӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори яке аз ҷашнҳои бостонӣ- Сада ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипоф иттилоъ дод.

Дар ҳамоиши илмӣ директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Яъқубов, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Дилшод Раҳимӣ ва дигар олимону бостоншиносон иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ олимону пажуҳишгарон дар мавзуъҳои «Сада – ҷашни бузургдошти оташу Офтоб», «Тафовути ҷашни Сада аз дигар ҷашну маросими миллӣ», «Анъанаҳои ҷашни Сада дар кӯҳистони Тоҷикистон то солҳои 80-уми аср XX», «Ҷашни Сада дар ашъори шоирони форсу тоҷик», «Ҷашни Сада ва эҳёи он дар замони истиқлолият» ва «Боқимондаҳои ҷашни Сада дар минтақаҳои кӯҳистон» маъруза намуданд.

Таъкид шуд, ки маҳз дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю талошҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар ҷашнҳои бостонӣ Сада эҳё гардид.

Ин ид аввалин маротиба дар замони соҳибистиқлолӣ 30 январи соли 2018 ба таври расмӣ дар мамлакат таҷлил гардид. Таърихи ҷашни Сада куҳан ва тӯлонӣ мебошад. Эҳёи ин ҷашни қадимии ниёгон василаи муттаҳидкунӣ дошта, мардумро ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва омодагӣ ба кишту кор ҳидоят менамояд. Ҳамзамон Садаро ҷашни гармии меҳр ва оғози рӯйдодҳои нави зиндагӣ арзёбӣ менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки соли 2023 дар шаҳри Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана доира гардид, аз ҷониби ЮНЕСКО ҷашни Сада муштарак бо Эрон ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримодии башарият пазируфта шуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Январь 30, 2024 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад