Сафири Тоҷикистон бо мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.
Зимни мулоқот оид ба рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ табодули андеша доир шуд.
Ёдовар мешавем, ки 22 то 27 январ дар Женева ҷаласаи 154-уми Шурои иҷроияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






