Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Президенти Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 январ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Президенти Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои амният, нақлиёт, иқтисоду тиҷорат ва дигар самтҳо ҳамасола таҳким ёфта, рушди ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалият дорад.
Сарвазири мамлакат кишоварзӣ, энергетика, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва саноати бофандагиро барои равнақи ҳамкорӣ муфид арзёбӣ намуд.
Муовини Президенти Комиссияи Аврупо ҳамкории кунуниро далели равнақи робитаҳо арзёбӣ намуда, ҳавасмандии ҷониби Аврупоро барои истифодаи имконияти иловагӣ ва таҳкими робитаҳо изҳор дошт.
Ҷонибҳо ба густариши робитаҳои дуҷониба дар оянда изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






