Шуғнон: Корхонаи мурғпарварӣ дубора барқарор мешавад

Январь 15, 2024 09:32

ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шуғнон корхонаи мурғпарварӣ аз нав барқарор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.

Ин корхона солҳои зиёд бо сабаби муфлис гардидан аз кор боз монда, биною таҷҳизоти он вайрону валангор гардидааст.

Таъкид карда мешавад, ки дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат ва бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ корхонаи мурғпарварӣ аз нав таҷдид мегардад.

Роҳбарияти ҶДММ “Назрӣ”, ки масъули  корхона мебошад, барои барқарор намудани корхонаи мурғпарварӣ вазифадор гардидаанд.

Дар айни ҳол барои дарёфти манбаи маблағгузорӣ ҷиҳати барқарорсозии ин корхона бо иқтидори пурра тадбирҳо андешида мешавад  то  соли 2024  он  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Ҳудуди корхона дар маҷмуъ 7 гектарро ташкил медиҳад ва имкон аст, ки дар оянда дар ин ҷо коркард ва банду басти маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шуда, ба бозорҳои вилоят интиқол дода шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло масъалаи дарёфти маблағгузорӣ бо шарикони ҳамкор мавриди муҳокима қарор дорад. Дар давраи наздик маблағгузории лоиҳа ҳалли мусбати хешро пайдо намуда, корхонаи мурғпарварӣ дубора ба фаъолият оғоз менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Январь 15, 2024 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад