Собиқ дастпарвари Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор Сарваршоҳ Азимов беҳтарин донишҷӯйи соли 2023 дар Русия дониста шуд

Январь 29, 2024 19:56

ҲИСОР, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи озмуни «Донишҷӯи сол — 2023» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия даври ниҳоии озмунро баргузор ва беҳтаринҳоро муайян намуд, ки дар натиҷа мувофиқи қарори комиссияи озмун аз рӯи холҳои бадастоварда ҷойи аввалро донишҷӯи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии шаҳри Москва, собиқ дастпарвари Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор Сарваршоҳ Азимов соҳиб гардид. Дар ин хусус котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ дод.

Озмуни «Донишҷӯи сол — 2023» байни донишҷӯёни тоҷикро, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия таҳсил менамоянд, Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо дастгирии Сафорат ва Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия ташкил ва баргузор намуд.

Ба Комиссияи озмун аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Низомномаи озмун донишҷӯёни тоҷик аз минтақаҳои кишвари иқомат номзадиашонро пешбарӣ намуданд. Даври аввал ва дуюми озмун ба таври фосилавӣ ва даври ниҳоии озмун ба тариқи ҳузурӣ баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории озмун дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони лаёқатманди тоҷик дар Русия, муаррифии ҷавонони соҳибистеъдод, муттаҳид намудани ҷавонон дар хориҷи мамлакат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо, муаррифии чеҳраҳои нав дар соҳаҳои гуногун дар байни донишҷӯён мебошад.

Беҳтарин донишҷӯёни сол бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Январь 29, 2024 19:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад