СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Тоҷикистон ба марҳилаи бунёд ва рушди босубот ворид гардидааст

Январь 6, 2024 10:34

ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар масири се даҳсолаи баъди қабули Конститутсия, ки имсол дар мамлакат 30 – солагии ин санади муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ таҷлил мегардад, низоми сиёсии ҷомеа бунёд гардида, рушди ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ таъмин мегардад. Дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқ дар ҷомеаи байналмилалӣ мавқеи худро муайян ва устувор менамояд. Марҳилаи устувории давлат масири буҳрони сиёсӣ, номуайянии низоми идоракунии давлатӣ, мушкилоти иқтисодию иҷтимоии даҳсолаи аввали истиқлолро паси сар намуда, акнун ба марҳилаи бунёд ва рушди босубот ворид гардидааст. Чунин изҳори назар намудааст Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Амид Комилбек дар мақолаи худ, ки ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани  соли 2024 бахшида шудааст.

— Яке аз дастовардҳои нахустини даврони соҳибистиқлолӣ- ин қабули Конститутсия мебошад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 дар мавриди нақш ва аҳамияти қабули ин ҳуҷҷати муҳим дар бунёд ва таҳкими низоми нави давлатдории миллии тоҷикон чунин омадааст:  «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад».

Бояд изҳор намоем, ки Конститутсия низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайяну мушаххас намуда, барои такмили қонунгузорӣ, мутобиқкунӣ ва омода намудани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ҳамчун сарчашмаи асосӣ хизмат менамояд.

Таҳлили марҳалаи татбиқи стратегия, барнома, консепсия ва дигар сандаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки аз Конститутсия сарчашма мегиранд, нишон медиҳад, ки низоми идоракунии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба шароити нави муносибатҳои ҷамъиятӣ мувофиқ гардида, динамикаи рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намудааст.

Барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии мамлакат дар ояндаи наздик дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани маоши хизматчиёни давлатӣ дар баробари дигар соҳаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст. Дар Паём таъкид шудааст, ки «рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бе рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад».

Ҳамчунин барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки «аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд намуда шавад». Чунин ғамхорӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини босифати барномаву  стратегияҳои давлатӣ, дастуру супоришҳо ва дар маҷмуъ самаранокии хизматрасонии давлатӣ барои шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари хотима додан ба низои дохилии мамлакат, бунёд ва марҳила ба марҳила такмил додани низоми идоракунии давлатӣ ва рушди ҳаёти иқтисодӣ ба якчанд комёбиҳо ноил гардид. Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки гузаштан аз як низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ба низоми нави муносибатҳои ҷамъиятӣ мураккаб буда, марҳилаи муайянро талаб менамояд. Яъне, ҷорӣ гардидани талаботи нави муносибатҳои ҷамъиятӣ дар тамоми соҳаҳои ҷомеа пеш меояд, ки барои дар сатҳи умум дарк намудани он шароити таърихӣ зарур аст.

Таҷрибаи идоракунӣ давоми давраи сипаришуда нишон медиҳад, ки банақшагирӣ ва пешбинии сиёсати давлатии Сарвари давлат муваффақияти идоракунии пайгиронаро таъмин намуда, дуруст муайян намудани афзалият ба ҳалли мушкилиҳои ҷомеа таъсири калидӣ мерасонад. Рушди макроиқтисодии Тоҷикистон новобаста аз равандҳои ҷаҳонӣ таъмин гардида, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ мусоидат менамояд. Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуданд, ки «дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии давлат нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуд».

Низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монанди дигар давлатҳо давраи ташаккулро паси сар намуда, ба марҳилаи сифатан нав мегузарад. Пойгоҳи сиёсӣ-ҳуқуқии низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва такмилу мукаммал гардид. Барои рушди босуботи давлат якчанд стратегияву барномаҳо қабул ва амалӣ гардонида шуданд.

Барои гузаштан ба марҳилаи сифатан нави низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул гардид, ки дар он дар баробари пешбинии рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, такмили низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳаррики асосии рушди мамлакат мебошад, яке аз бандҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Стратегия рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, барои амалӣ гардидани он тамоми мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷалб шудааст.

Ҳамин тариқ, дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқ дар ҷомеаи байналмилалӣ мавқеи худро муайян ва устувор менамояд. Марҳилаи устувории давлат масири буҳрони сиёсӣ, номуайянии низоми идоракунии давлатӣ, мушкилоти иқтисодию иҷтимоии даҳсолаи аввали иститиқлолро паси сар намуда, акнун ба марҳилаи бунёд ва рушди босубот ворид гардидааст.

Таҳлили ташаккул ва инкишофи низоми идоракунии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ дар баробари таъмин намудани суботу амнияти ҷомеа пойгоҳи сиёсӣ-ҳуқуқии идоракунии давлатӣ бунёд гардида, марҳила ба марҳила мукаммал гардид. Рушди давлат аз ҳокимияти устувору пурқудрат вобастагии зиёд дорад, фақат давлат метавонад ҳуқуқу озадиҳои шаҳрвандонро таъмин намояд. Ин ҳолат имконият медиҳад, ки тамоми субъектҳои идоракунӣ, новобаста аз шакли муносибаташон ба як мақсад –  баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон ва таъмини рушди иқтисоди миллӣ ҷалб шаванд. Маҳз яке аз вазифаҳои асосии низоми сиёсии ҷомеа муайяну мушаххас намудани рушди давлат ба ҳисоб меравад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 6, 2024 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд