Тоҷикистон ҳамкориро бо Институти Гёте тақвият мебахшад

Январь 31, 2024 10:04

ДУШАНБЕ, 31.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо мудири кулли Институти Гёте (Goethe-Institut) Йоҳаннес Эберт мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Таҳкими омӯзиши забони олмонӣ дар Тоҷикистон, идомаи ҳамкории анъанавӣ бо муассисаҳои таълимии мамлакат ва такмили ихтисоси омӯзгорони соҳа бо мақсади рушди минбаъдаи раванди таълими забони олмонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба имконияти кушодани марказҳои забономӯзӣ ва имтиҳонсупории Институти Гёте дар яке аз марказҳои маъмурии вилоятҳои ҷумҳурӣ, ҳамзамон тақвияти фаъолияти марказҳои амалкунандаи омӯзиши забони олмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон тавофуқ ҳосил намуданд.

Намояндагии дар шаҳри Тошканд қарордоштаи Институти Гёте ҳамчунин масъул барои Тоҷикистон мебошад.

Боиси тазаккур аст, ки шуруъ аз соли 2010 Маркази забономӯзии Душанбе (SLZ) ба ҳайси шарики расмии Институти Гёте дар Тошканд амал менамояд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 31, 2024 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна