Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо Италия ва Уммон тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми байналмилалии маъданҳо, ки дар Риёз –пойтахти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири ҳифзи муҳити зист ва амнияти энергетикии Италия Джилберто Пикетто-Фратин мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ иттилоъ медиҳад.
Мусоҳибон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат байни Тоҷикистон ва Италияро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии маъданҳо дар Риёз бо муовини вазири энергетика ва маъданҳои давлати Уммон Муҳсин Ал-Ҳадрамӣ мулоқот намуд, ки зимни он дурнамои ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои саноат ва коркарди маъдан баррасӣ шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ









Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд






